Нону шакар, равғану сӯзишворӣ… Мақомоти Тоҷикистон чӣ захира мекунанд?

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯй ва ҳаҷми молу маҳсулоти зарурати аввалияи воридотиро барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2025, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва аксиз ба андозаи 50% озод карда мешаванд, тасдиқ кард. Ба воридоти ин гуна маҳсулот ба ҷумҳурӣ Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон машғул мешавад. Мувофиқи қарори ҳукумат, ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯй ва ҳаҷми молу маҳсулоти зарурати аввалияи воридотиро барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2025, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва аксиз ба андозаи 50% озод карда мешаванд, тасдиқ кард.

Ба воридоти ин гуна маҳсулот ба ҷумҳурӣ Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон машғул мешавад.

Мувофиқи қарори ҳукумат, ба ин навъи молу маҳсулот маводи ғизоӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин дохил мешаванд.

Номгӯй аз молу маҳсулоти зерин иборат аст:

– гандуми истеъмолӣ – 100 ҳазор тонна;

– шакар (қанд) – 30 ҳазор тонна;

– орд – 2 ҳазор тонна

– гӯшт – 2 ҳазор тонна;

– равғани растанӣ – 1 ҳазор тонна;

– биринҷ – 1 ҳазор тонна;

– гӯшти қимаи мурғ – 1 ҳазор тонна;

– сӯзишвории дизелӣ – 100 ҳазор тонна;

– бензин – 100 ҳазор тонна.

Ёдрас мекунем, ки Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба воридоти имтиёзноки маҳсулоти мазкур дар доираи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2025” ҳуқуқ пайдо кард.

Мувофиқи қонуни мазкур, имтиёзҳо аз пардохти андоз дар соли ҷорӣ аз рӯи 17 банд нисбати субъектҳои сершумор амал мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.