Эмомалӣ Раҳмон шаш узви Маҷлиси миллӣ ва рӯзи иҷлосияи якуми онро таъин кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури ду фармон, рӯзи баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтумро муайян ва шаш аъзои онро таъин кард. Тибқи фармони раиси ҷумҳур, иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати ҳафтум, рӯзи 11 -уми апрел дар Душанбе даъват шудааст. Дар назар аст, ки зимни иҷлосияи мазкур раиси Маҷлиси миллӣ ва […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури ду фармон, рӯзи баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтумро муайян ва шаш аъзои онро таъин кард.

Тибқи фармони раиси ҷумҳур, иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати ҳафтум, рӯзи 11 -уми апрел дар Душанбе даъват шудааст.

Дар назар аст, ки зимни иҷлосияи мазкур раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ интихоб шаванд.

Маҷлиси миллӣ палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аст, ки аз 33 узв иборат аст. 25 узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро раисҷумҳури кишвар таъин мекунад.

Ҳафтаи гузашта, 28-уми март 25 аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи панҷ минтақаи кишвар интихоб гардиданд.

 

Имрӯз шаш узви дигари он аз ҷониби раиси ҷумҳур таъин шуданд:

– Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло – ҳуқуқшинос;

– Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ;

– Абдураззоқзода Гулнисо Тавалди – мудири муассисаи томактабии №2-и ноҳияи Лахш;

– Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

– Восифҷонзода Рухшона Восифҷон – директори муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д.Ушинский”;

– Нодирӣ Шаҳло Ҷамолиддин – директори муассисаи таълимии давлатии Литсейи №1-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи меъёри Қонуни асосӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳақ дорад аз чаҳор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро таъин кунад. Ин бор Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз салоҳияти худ, танҳо шаш узви ин маҷлисро таъин кардааст.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури собиқ низ аз ҳаққи узвияти доимии ин маҷлис бархӯрдор аст.

Ёдовар мешавем, ки Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи ин ниҳод ба кор оғоз мекунанд.

Мувоффиқи қонунгузории кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввум баъди роҳбари давлат ба ҳисоб меравад, ки дар сурати корношоям шудани раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯро то интихоботи навбатӣ ба зимма мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио