Баррасии сохтмони корхонаҳои муштараки бофандагию дорусозӣ дар мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Тотористон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Рустам Миннихонов, раиси ҷумҳури Тотористон дар Душанбе рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва дорусозиро баррасӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Дар вохӯрӣ, ки имрӯз, 3-юми апрел сурат гирифт, мушаххас масъалаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти коркарди ашёи хом, аз ҷумла ришта аз […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Рустам Миннихонов, раиси ҷумҳури Тотористон дар Душанбе рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва дорусозиро баррасӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ, ки имрӯз, 3-юми апрел сурат гирифт, мушаххас масъалаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти коркарди ашёи хом, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шудааст. Тарафҳо ҳамзамон, дар бораи дурнамои ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ суҳбат кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Тотористон ба марҳилаи фаъол ворид мегардад.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тотористон навиштааст, ки то охири соли 2024 гардиши мол миёни Тотористону Тоҷикистон 77,3 миллион долларро ташкил дода 2 баробар афзудааст. Ҷонибҳо бар ин назаранд, ки ин ҳаҷм ба зарфиятҳои ҳамкории мутақобила мувофиқат намекунад.

Рустам Миннихонов дар брифинг гуфтааст, ки дар чаҳорчӯби ин сафар чорабиниҳои муаррифии Тотористон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ӯ гуфтааст, ки дар оянда муносибати  ду кишвар на танҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, ҳамчунин дар самти фарҳангу маориф густариш меёбанд

“Ҳоло беш аз 900 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Тотористон таҳсил доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар корхонаҳои Тотористон фаъолият менамоянд, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми калон мегузоранд”,- гуфтааст Рустам Миннихонов.

Раиси ҷумҳури Тотористон таъкид кардааст, ки маҳсулоти истеҳсолии ин кишвар аз ҷумла интиқоли чархболҳо, нафту газ, яхдон, мошинҳои кишоварзӣ, кимиё, маҳсулоти тиббӣ ва дорусозӣ ба Тоҷикистон рушд кунанд.

“Дар навбати худ, ширкатҳои тоҷикистонӣ метавонанд дар ҷараёни вохӯрӣ ҳаҷми интиқоли маҳсулоти саноати сабук аз Тоҷикистонро ба Тоҷикистон афзоиш диҳанд”,-гуфтааст вай.

Ёдрас мешавем, ки Рустам Миннихонов моҳи марти соли 2023 дар чаҳорчӯби сафари Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ба Тоҷикистон омада буд. Вай он замон низ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масъалаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаро баррасӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.