Дар Тоҷикистон соли 2022 барои ҳалли мушкилоти соҳаи шуғл ва таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори муносиб “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ барои давраи то соли 2040” қабул гардид. Муҳоҷират, набудани ҷойи кори муносиб, музди меҳнати паст аз мушкилотест, ки интизор меравад қабули Консепсия дар ҳаллашон мусоидат кунад.
Дар Консепсия кадом мушкили соҳаи шуғл зикр ва чӣ роҳҳалҳо пешбинӣ шудаанд? То куҷо он метавонад ба ҳалли мушкил мусоидат кунад ва бо гузашти се сол чӣ корҳо анҷом дода шуданд? Мо ба ин суолҳо посух ҷустем.
“Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул” дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки яке аз чор ҳадафи асосии он вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул аст, таҳия ва қабул шудааст. Дар доираи он “Барномаи миёнамӯҳлати рушди шуғли пурмаҳсул барои солҳои 2023-2027” низ қабул гардидааст.
Дар “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040” ҳалли як қатор мушкилоти ин соҳа матраҳ гардидааст, ки 5 нуктаи асосиро дар зер меорем.
Ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи кор таъсису барқарор карда шудааст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми охирини худ ба парлумон ироа карда буд. Аз ҷумла, танҳо соли гузашта дар кишвар 247 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин баробар 64,6 ҳазор кас дар кишвар расман мақоми бекорро гирифтаанд. Аммо дар Консепсия гуфта мешавад, ҳамзамон рушди захираи меҳнатӣ устувор ва баланд боқӣ монда, то соли 2030 тақрибан ба 7,6 миллион нафар хоҳад расид.
Дар Консепсия гуфта мешавад, дар деҳоти Тоҷикистон бекорон нисбат ба шаҳр бештаранд. Далели ин инкишофи сусти иқтисодиёт дар деҳот будааст.
Гуфта мешавад, бекорӣ байни ҷавонони аз 15 то 29-сола нисбат ба шахсони аз 30 то 75-сола беш аз 2 маротиба зиёд будааст.
Дар натиҷаи амалӣ намудани Консепсияи мазкур интизор меравад, ки шумораи аҳолии бекор, махсусан ҷавонони бекор кам карда шуда, тавозуни аҳолии қобили меҳнат ва ҷойи кор таъмин карда шавад.
Бовуҷуди гузоришҳо аз таъсиси ҳазорҳо ҷойи кор ҳанӯз ҳам таъмин набудан бо ҷойи кори муносиб яке аз мушкилоти асосии шаҳрвандон боқӣ мемонад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳамасола беш аз 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шавад, аммо коршиносон мегӯянд, дар шароити иқтисодии Тоҷикистон ҳамасола таъсиси 100 ҳазор ҷойи кор қариб имконнопазир аст.
Субҳон Ашӯров, доктори илмҳои иқтисодӣ гуфт, таъсиси ҷойи кор бидуни рушди истеҳсолот ғайриимкон аст. Ӯ дар зикри таъсиси 100 ҳазору бештар аз он ҷойи корро ба чолиш мекашад.
“Агар ҳар сол 100 ҳазор ҷойи кор меофарид, дар таги ҷойи корӣ мемондем. Аз нуктаи назари иқтисодӣ ҷойи корӣ ҳамон вақт таъсис дода мешавад, ки истеҳсолот рушд ёбад. Ҷойи корро худ ба худ намесозанд”, – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, дар кишвар муҳити сармоягузорӣ фароҳам нест. Бахши хусусӣ ё кор кардан намехоҳад ё сармоя надорад. Чанд омили дигар, мисли гарон будани арзиши барқ, фоизи зиёди қарзҳои бонкӣ барои соҳибкорӣ ба ташаккули муҳити сармоягузорӣ халал мерасонанд.
Ташкили бозори меҳнати дохилии рақобатпазир
Бозори меҳнати дохилӣ дар кишвар бо чанд мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ аст. Махсусан, набудани маоши рақобатпазир ва камбуди ҷойҳои кории босифат боис шудааст, ки захираҳои кории соҳибтахассус ба хориҷа рӯ оранд.
Гарчанде захираи меҳнатӣ зиёд аст, аммо сатҳи тахассус ва малакаи касбӣ дар бисёр соҳаҳо ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ нест. Ҳамчунин кам будани музди маош дар бозори меҳнати дохилӣ мушкилотест, ки солҳо инҷониб дар кишвар ҳалли худро намеёбад ва аксари мутахассисонро ба тарки соҳаву пеша водор мекунад.
Дар Консепсия пастравии ҳиссаи шуғли кироя нисбат ба шумораи умумии шуғл ишора шуда, музди меҳнати паст дар соҳаи шуғли кироя яке аз мушкилоти асосӣ гуфта мешавад.
“Музди меҳнати аҳолии машғули кори кироя дар бахши аграрӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи тамоми соҳаҳои иқтисодиёт паст мебошад”, – омадааст дар ин ҳуҷҷат.
Баланд бардоштани маълумоти касбӣ
Моҳи сентябри соли гузашта гуфта мешуд, ки танҳо ҷавонони аз 18 то 30-сола, ки касбу ҳунар ё ихтисос надоранд, беш аз 570 ҳазор нафар аст. Дар ин баробар ҳукумати кишвар ният дорад, ки то соли 2027 тақрибан ба 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон касбу ҳунар омӯзад.
Дар Консепсия гуфта мешавад, сифати захираҳои меҳнатӣ дар кишвар паст буда, барои рушди пурмаҳсул монеа эҷод мекунад. Яке аз нуктаҳои муҳими дигар ин аст, ки дар аксари ҷойҳои корӣ маълумоти касбии сатҳи олӣ талаб карда намешавад. Ин омил ба рақобатпазирии нокифояи иқтисоди миллӣ, қафомонии заминаи технологӣ, сатҳи пасти фаъолнокии инноватсионӣ ва фарсудашавии баланди фондҳои асосӣ рабт дода шудааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ҳиссаи шахсони соҳибмаълумот аз ҳиссаи онҳое, ки таҳсилоти касбӣ надоранд, пасттар аст. Инчунин, норасоии мутахассисони соҳибкасби ихтисосҳои техникӣ мушоҳида шуда, сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ ғайриқаноатбахш гуфта мешавад.
Бояд гуфт, то имрӯз дар аксар минтақаҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон фаъолият мекунанд, ки ба маълумоти охири соли 2024 шумораи онҳо 54-то буда, 80 000 шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар машғуланд.
Танҳо дар як соли охир 4 маркази касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони боз ду марказ идома дорад, ки дар назар аст имсол мавриди истифода қарор гирад.
Президенти кишвар дар Паёми охири худ супориш дод, ки дар панҷ соли оянда дар ин муассисаҳо беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.
Баланд бардоштани ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёт
Дар Тоҷикистон дақиқ нест, ки чанд дарсади нерӯи қобили меҳнат ба кори ғайрирасмӣ машғул аст, вале коршиносон мегӯянд, онҳое, ки ба таври ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд, бо вуҷуди меҳнати зиёд, даромади ночиз доранд ва аз дастгириҳои иҷтимоӣ маҳруманд.
Дар Консепсии рушди шуғли пурмаҳсул танҳо оварда шудааст, ки соли 2016 ҳиссаи шуғли расмӣ аз ғайрирасмӣ нисбати соли 2009 тақрибан 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Аммо барои солҳои наздик ин омор ишора нашудааст.
Дар Консепсия гуфта мешавад, дар бахши шуғли ғайрирасмӣ ҳиссаи шахсоне, ки маълумоти олии касбӣ доранду аммо дар бозори меҳнат ба касби худ ҷавобгӯ нестанд, зиёд аст. Ҳамчунин, ҳиссаи асосии шуғли ғайрирасмӣ ба ҷавонони синну соли 20-29-сола ва 30-44-сола рост меояд.
Гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатии берунӣ
Яке аз нуктаҳои асосие, ки дар Консепсия зикр мешавад, мутамарказшавии муҳоҷирати меҳнатӣ дар як кишвар аст.
Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз мушкилоти доғи шаҳрвандони тоҷик дар солҳои охир аст. Хусусан, баъди ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус” фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия бештар шуд.
Аз рӯйи иттилои дастрас, соли гузашта беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла 17 ҳазору 800 нафар тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар аз Русия дубора ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
Дар “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ барои давраи то соли 2040” омадааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз соли 2014 тамоюли пастшавиро касб намуда, аз рӯйи ҳаҷм қариб чоряки қувваи кории кишварро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ин ҳуҷҷат зикр мешавад, ҳиссаи аз ҳама зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба вилоятҳои Суғд ва Хатлон рост меояд.
Ба гуфтаи Субҳон Ашӯров, яке аз сабабҳои дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилот гирифтор шудани шаҳрвандон ин омода набудани онҳо ба муҳоҷират, яъне надоштани касб ва надонистани забон аст.
Гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии ин консепсия зикр мешавад. Бо ин мақсад масъулини соҳа ба кишварҳои дигар роҳ меҷӯяд. Аз ҷумла, соли гузашта байни мақомоти Тоҷикистону кишварҳои Аврупо ва араб як қатор шартномаҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баста шуданд ва Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати кишвар бо нашри хабарномаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Корея, Литва ва як қатор кишварҳо даъват мекунад.
Натиҷаҳои чашмдошт
Интизор меравад, ки баъди татбиқи “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040” натиҷаҳои зерин ба даст ояд:
– Мувозинати шумора ва сифати аҳолии қобили меҳнат ва ҷойҳои корӣ таъмин гардида, шумораи аҳолии бекор кам карда мешавад.
– Сатҳи шуғл байни мардон ва занон дар соҳаҳои дорои имконияти рушд баланд бардошта мешавад.
– Маълумот дар бораи бозори меҳнат ҳамасола на кам аз ду маротиба нав карда мешавад.
– Нобаробарии ҳудудии шуғл таъмин гардида, фишори муҳоҷирати дохилӣ кам карда мешавад.
– Шуғли шахсони дорои имконияти маҳдуд беҳтар мегардад (шахсони маъюб, волидайни дорои кӯдаки маъюб, занони танҳо шахсони синну соли пеш аз нафақа, муҳоҷирони бозгаштаи дорои тахассуси нокифоя).
– Сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон коҳиш меёбад.
– Ҳиссаи шуғли ғайрирасмӣ коҳиш дода мешавад.
– Иттилоотнокӣ ва омодагии касбӣ нисбат ба кор дар бозорҳои берунаи меҳнат беҳтар карда мешавад.
– Ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо баланд бардошта мешавад.
– Бахши хусусӣ рушд дода мешавад.
То куҷо ин Консепсия натиҷаовар аст?
Субҳон Ашӯров, доктори илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, ин консепсия бояд барвақттар аз соли 2022 қабул мегардид, зеро Стратегияи миллии рушд, ки дар он самтҳои асосӣ муйян шудаанд, соли 2016 қабул гардида буд.
“Аммо бо сабабҳои барои ман номаълум консепсия хеле дер, баъди 6 сол қабул гардид”, – гуфт ӯ.
Ин коршинос таъкид кард, ки татбиқи консепсия барои ҳалли мушкили соҳаи шуғл бояд кӯмак кунад. Аммо чанд омилеро номбар кард, ки бидуни ҳалли онҳо самаранок анҷом ёфтани нақшаҳои дар консепсия зикршуда зери суол меравад. Ба андешаи ӯ, ташаккули фарҳанги касбомӯзӣ ва фарҳанги молиявӣ, ки имрӯз хеле паст аст, бояд дар мактаби миёна омӯзонида шавад.
“Мутассифона, дар мактаби миёна онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода намекунанд, фарҳанги донишомӯзию касбомӯзиро намеомӯзанд. Бояд ба Консепсияи таҳсилоти умумиро каме тағйирот ворид кард”, – таъкид кард ӯ.
Баъди боздид аз чанд маркази касбомӯзӣ, ки ҳоло ройгон касбу ҳунар ва забон таълим медиҳанд, ин коршинос ба чунин хулоса омадааст, ки он ҳамаро фаро нагиристааст.
“Мардум намеоянд, барои он ки фарҳанги касбомӯзӣ дар мо хеле паст рафтааст. Ҳоло ки ин курсҳо ройгонанд, шумораи касбомӯзон ангуштшумор аст, агар пулакӣ шавад, маълум аст, ки ягон кас намеояд”, – тавзеҳ дод ӯ.
Ашӯров гуфт, танҳо дар чанд марказ мушоҳида кардааст, ки ба омӯзиши забони кореягӣ машғулад, зеро мардум ҳоло мехоҳанд ба Корея раванд.
Яке аз сабабҳои дигари пурра татбиқ нашудани чунин барномаҳо набудани заминаи молиявӣ гуфта шуд. Ин коршинос мегӯяд, пештар аз ҳама мо бояд дар заминаҳои асосӣ корро пурзӯр кунем, вагарна ин консепсияву барномаҳои қабулмешуда натиҷаовар намешаванд.
Субҳон Ашӯров ҳамчунин гуфт, яке аз сабабҳои дигари камсамар будани чунин барномаҳо дар он аст, ки худи ҳамон ниҳодҳои дахлдоре, ки мутасаддии ҳамин соҳаанд, масъулиятро дар сатҳи баланд ҳис намекунанд. Нуктае, ки қаблан раиси ҷумҳури кишвар низ паёму суханрониҳои худ ба он таъкид кардааст.


