Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф карданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаеро имзо кардаанд, ки тибқи он  шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд. Матни ин созишномаро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст. Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳангоми будубош дар кишварҳои ҳамдигар ҳақ доранд бе супоридани имтиҳон шаҳодатномаи ронандагии худро иваз кунанд. Вале як шарт ҳаст, ки шаҳрвандони ду кишвар бояд ҳуҷҷати […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаеро имзо кардаанд, ки тибқи он  шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд. Матни ин созишномаро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.

Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳангоми будубош дар кишварҳои ҳамдигар ҳақ доранд бе супоридани имтиҳон шаҳодатномаи ронандагии худро иваз кунанд.

Вале як шарт ҳаст, ки шаҳрвандони ду кишвар бояд ҳуҷҷати ронандагии худро бо тарҷумаи забони давлатӣ ё русӣ пешниҳод кунанд.

“Дар сурати пайдо шудани шубҳаи марбут ба дурустӣ ё аслӣ будани шаҳодатномаи ронандагӣ, ки барои иваз кардан пешниҳод шудааст, мақомоти салоҳиятдори анҷомдиҳандаи ивазкунӣ метавонад ба мақомоти салоҳиятдори тарафи дигар барои тафтиши аслӣ будан ё дуруст будани шаҳодатномаи ронандагӣ муроҷиат намояд”, – гуфта шудааст дар ин санад.

Қарори дахлдор аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11-уми март имзо шудааст. Ҷониби Қирғизистон дар ин бора ҳоло расман иттилоъ надодааст.

Бояд гуфт, ки ба мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон баъди тақрибан чор соли нофаҳмиҳо муяссар шуд, ки дар масъалаи сарҳад тавофуқ ҳосил намуда, ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ баргарданд.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров рӯзи 13-уми март Шартнома дар бораи сарҳади давлатии миёни кишварҳоро ба имзо расониданд. Парлумонҳои ҳар ду кишвар рӯзҳои 18-19 март ин шартномаро тасвиб карданд.

Ҳамчунин, сарҳади ду кишвар, ки қариб 4 сол баста буд, боз шуд ва парвозҳои мунтазам байни ҳарду кишвар баъди қариб 4 соли маҳдуд будан дубора азсар гирифта шуд.

Интизор меравад, ки хатсайрҳои автобус миёни кишварҳо дубора роҳандозӣ шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.