Бо номи ӯ зузанаб ва ситора сабт шуда аст. Светлана Герасименко, астрономи маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт

Имрӯз, 8-уми апрел, Светлана Герасименко, ситорашиноси маъруфи Тоҷикистон, ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора Институти астрофизика дар саҳифаи фейсбуки худ хабар додааст. Ин олим 23-уми феврали соли 1945 дар деҳаи Баришевкаи вилояти Киеви Украина, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаааст. Ӯ факултети астрономияи Донишгоҳи Киевро […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 8-уми апрел, Светлана Герасименко, ситорашиноси маъруфи Тоҷикистон, ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора Институти астрофизика дар саҳифаи фейсбуки худ хабар додааст.

Ин олим 23-уми феврали соли 1945 дар деҳаи Баришевкаи вилояти Киеви Украина, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаааст. Ӯ факултети астрономияи Донишгоҳи Киевро хатм кардааст.

Светлана Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи илмҳои кишвар ба Тоҷикистон омада ба ҳайси корманди илмӣ ба кор оғоз мекунад. Ӯ то замони марг дар ин институт фаъолияташро идома додааст.

Ӯ зузанаб (комета) – и нави кӯтоҳдаври Чурюмов-Герасименкоро дар соли 1969 кашф кардааст, ки бо Сертификати Агентии кайҳонии Аврупо ва Шаҳодатномаи расмии Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ тасдиқ шудааст.

Барои кашфи зузанаби Чурюмов-Герасименко, соли 2018 дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардидааст.

Ба номи Светлана Герасименко ба иловаи ин зузанаб, сайёра (сайёраи хурд) – рақами 3945, ки соли 1982 аз ҷониби Николай Черних кашф шудааст, низ номгузорӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.