“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест”. Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд

Идораи мусулмонон ё муфтиёти Қирғизистон бо нашри як эълон гуфт, “ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест” ва он барои ҷомеаи ин кишвар падидаи бегона аст. Аз ин лиҳоз, “занҳо барои напӯшидани он гунаҳкор намешаванд”. “Ин имкон вуҷуд дорад, ки баъзе аз бадкирдорон зери ниқоб худро хоҳар ва ё бародари мо нишон дода, мумкин аст, ба […]

Asia-Plus

Идораи мусулмонон ё муфтиёти Қирғизистон бо нашри як эълон гуфт, “ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест” ва он барои ҷомеаи ин кишвар падидаи бегона аст. Аз ин лиҳоз, “занҳо барои напӯшидани он гунаҳкор намешаванд”.

“Ин имкон вуҷуд дорад, ки баъзе аз бадкирдорон зери ниқоб худро хоҳар ва ё бародари мо нишон дода, мумкин аст, ба амнияти мардум таҳдид кунанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки чеҳра боз бошад, то онҳоро шинохта тавонанд”, – зикр мешавад дар баёнияи Идораи мусулмонони Қирғизистон

Баҳси пӯшидани ниқоб ё фаранҷӣ ё напӯшидани он дар ҷомеаи Қирғизистон аввали моҳ ва дар пайи роҳандозии корҳои ташреҳии мақомоти интизомии ин кишвар миёни занон оид ба манъи пӯшидани ин навъи либос доғ шуд.

Он замон мақомоти ин кишвар ба занон ҳушдор дода буд, ки “дар сурати риоя нашудани талаботи қонун занҳо 20 000 сом (230 доллари амрикоӣ) ҷарима хоҳанд шуд.

Пас аз як рӯзи корҳои фаҳмонидадиҳӣ, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳам оид ба пӯшидани ҳиҷоб, ниқоб ва фаранҷӣ муфассал андешаашро баён кард ва гуфт, ин кори шахсии ҳар нафар аст, ҳар тавре мехоҳад пӯшад, аммо чеҳра бояд боз бошад.

 

Ҳамчунин, ӯ аз кормандони милитсия хост, “ба ҷойи салла, калла наоранд”, яъне ба занҳое, ки рӯсарӣ доранд, аммо рӯяшон метобад, кордор нашаванд.

Бояд гуфт, Қирғизистон яке аз охирин кишварҳ дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба шеваи либоспӯшии занон дахолат мекунад. Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба мисли Қазоқистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барвақт пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу идораҳои давлатӣ манъ шудааст.

Дар аксари ин кишварҳои минтақа таъкид мекунанд, ки либоси миллии онҳо ҳеч камие аз ҳиҷобу либосҳои дигари исломӣ надорад ва бар фармудаҳои шариат дар бораи либоси занон мувофиқ аст. Ва ҳиҷобу фаранҷӣ ва ниқобро барои фарҳанги худ бегона меҳисобанд.

Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ин мамнӯиятҳоро поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ба эътиқод медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.