БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

Таҳлилгарони Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯӣ кардаанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2025 ва 2026 бо дастгирии сармоягузорӣ ба энергетика ва саноат, талаботи баланди истеъмолӣ ва рушди бахши хусусӣ устувор боқӣ мемонад. “Аммо рушд бо барқарор шудани таваҷҷуҳ ба тағйирёбии рақамӣ ва идоракунии электронӣ метавонад тақвият дода шавад”, – гуфта мешавад дар “Гузориши рушди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯӣ кардаанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2025 ва 2026 бо дастгирии сармоягузорӣ ба энергетика ва саноат, талаботи баланди истеъмолӣ ва рушди бахши хусусӣ устувор боқӣ мемонад.

“Аммо рушд бо барқарор шудани таваҷҷуҳ ба тағйирёбии рақамӣ ва идоракунии электронӣ метавонад тақвият дода шавад”, – гуфта мешавад дар “Гузориши рушди Осиё”-и БОР дар моҳи апрел.

Тибқи пешгӯии БОР, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар соли равон ба андозаи 7,4% ва соли 2026 – 6,8% пас аз афзоиши 8,4% дар соли 2024 зиёд мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки аз ҳисоби афзоиши қарзҳои истеъмолӣ ва болоравии маоши хидматчиёни давлатӣ, инчунин таърифаҳо ба хадамоти коммуналӣ, таваррум дар соли равон то 5,0% ва соли оянда – то 5,8% боло меравад.

“Аз таваҷҷуҳи афзалиятноки ҳукумат ба тағйирёбии(табдили) рақамӣ ба сифати омили калидӣ истиқбол мекунем”, – гуфтааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото.

Ӯ ба “дастгирии ҳукумат дар паси сар кардани монеъаҳои асосӣ, аз ҷумла норасоии сармоягузорӣ” изҳори омодагӣ кардааст.

Дар гузориш зикр мегардад, ки ба сатҳи баланди дохилшавии алоқаи мобилӣ дар кишвар суръати сусти интернети мобилӣ, ки дар ҷаҳон дар зинаи 139-ум қарор дорад, монеъа эҷод месозад.

“Нимаи соли 2024 шумори ҳамёнҳои мобилӣ ба 10,4 млн адад расидааст, ки ба рушди транзаксияҳои ғайринақдӣ ба андозаи 16,2% дар як сол мусоидат намуда, лекин қабули пардохтҳои рақамӣ нобаробар боқӣ мемонад”, – таъкид мекунанд коршиносони БОР.

Муаллифони гузориш ба мақомоти Тоҷикистон бунёди зерсохтори давлатии боэътимод ва қавиро барои пешниҳоди хидматрасониҳои давлатии пурсамар ва фарогир ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ тавсия додаанд.

“Бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам хусусӣ, Тоҷикистон барои тағйирот дар саноат, беҳбуди сифати ҳаёт ва мусоидат ба рушди устувор имкониятҳо дорад”, – чунин мешуморанд онҳо.

Намояндагони БОР таъкид мекунанд, ки пешгӯиҳо то эълони таърифаҳои нави маъмурияти ИМА (2 апрели соли равон) пешниҳод гардида, аз ин рӯ, пешгӯиҳои заминавӣ таърифаҳои қаблан амалкунандаро ба инобат мегиранд.

Аммо дар гузориш таҳлили чӣ гуна ба рушд дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором таъсир равонидани таърифаҳои баланд пешниҳод шудаанд.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёии рушд пазируфта шуд. Аз он дам Бонк ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2,7 млрд доллар, аз ҷумла 2,2 млрд доллар ба сифати грант кумак кардааст. Ин маблағҳо ба рушду дастгирии соҳаҳои стратегии зерсохтори сохтмони роҳу соҳаи энергетика ва устуворӣ нисбати тағйирёбии иқлим ва хидматрасониҳои иҷтимоӣ равона шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.