Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст

Тақрибан се моҳ пеш дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич бо пули муҳоҷирони корӣ ва сокинони маҳаллӣ беш аз 5 километр роҳро мумфарш карда шуд. Вале бо гузашти қариб 3 моҳ қисме аз ин роҳ аллакай, хароб шудааст. Чанде аз ронандаҳое, ки бо ин роҳ рафтуомад мекунанд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, вақте таъмир оғоз шуд, хурсанд […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Тақрибан се моҳ пеш дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич бо пули муҳоҷирони корӣ ва сокинони маҳаллӣ беш аз 5 километр роҳро мумфарш карда шуд. Вале бо гузашти қариб 3 моҳ қисме аз ин роҳ аллакай, хароб шудааст.

Чанде аз ронандаҳое, ки бо ин роҳ рафтуомад мекунанд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, вақте таъмир оғоз шуд, хурсанд шуданд, ки минбаъд аз вайронаҳои роҳ халос мешаванд, вале хурсандии онҳо дер напоид.

Набӣ Маъмуров, сардори Идораи роҳи ноҳияи Деваштич дар суҳбат бо мо гуфт, аз таъмири роҳ бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ огоҳ аст, вале аз вазъи кунунии он хабар надорад.

“Оид ба вайроншавии роҳи нав маълумот надорам, зеро роҳ пурра бо пули сокинон мумфарш гардида, ширкати роҳсозиро худи онҳо интихоб кардаанд. То ин дам ягон шикояти шифоҳӣ ё хаттӣ ба мо нашудааст”-гуфт Набӣ Маъмуров.

Вале Ғайрат Холов, собиқ раиси ҷамоати Ваҳдат, ки замони роҳбарии ӯ роҳ мумфарш шуд, дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт, сабаби зуд вайрон шудани роҳ на сифати пасти он, балки фарорасии фасли сармо аст.

“Зеро таъмири роҳ то нимаҳои моҳи ноябр ҷараён дошт. Худи ширкат азнавсозии роҳро ба зимма гирифтааст ва ҳеҷ мушкил нест. Бесабрии саҳмгузорон сабаби саросемагии роҳсозону масъулон шуд, ки он пеш аз фасли зимистон сохта шуд. Аслан, аз вайроншавии роҳ онҳое шикоят доранд, ки барои ободияш саҳм нагузоштаанд”, – гуфт вай.

Ёдовар мешавем, ки давоми соли 2024-ум 45 километр роҳҳои ноҳияи Деваштич мумфаршу обод шуд, ки аз ин 5 километраш аз буҷети ноҳия, боқӣ 40 километраш бо саҳми сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ мумфарш шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио