Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд

Date:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки чанде пеш дар интихоботи парлумонии кишвар ғолиб ва аксари курсиҳоро соҳиб гардид, соҳиби бинои нав шуд. Бинои нав имрӯз, 10-уми апрел, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси ҲХДТ мебошад, ифтитоҳ ёфт.

Бинои нави ҲХДТ дар хиёбони ба номи Садриддин Айнии пойтахт бунёд шудааст. Зимни ифтитоҳи он ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки бинои нав дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон аст. Ҳамчунин, дар ин бино Осорхонаи ҲХДТ таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ҲХДТ умдатарин нерӯи сиёсии кишвар аст, ки беш аз 30 сол ин ҷониб фаъолият дорад. Он соли 1994 таъсис ёфта, айни замон аз сераъзотарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон дониста мешавад. Теъдоди аъзои он бештар аз 600 ҳазор гуфта мешавад.

ҲХДТ чанде пеш дар интихоботи парлумонии кишвар бори дигар ғолиб ва аксар курсиҳоро соҳиб шуд. Аъзои ин ҳизби ҳоким аксаран дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият мекунанд ва амалан нерӯи муассиртарин сиёсӣ дониста мешаванд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...