Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки чанде пеш дар интихоботи парлумонии кишвар ғолиб ва аксари курсиҳоро соҳиб гардид, соҳиби бинои нав шуд. Бинои нав имрӯз, 10-уми апрел, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси ҲХДТ мебошад, ифтитоҳ ёфт. Бинои нави ҲХДТ дар хиёбони ба номи Садриддин Айнии пойтахт бунёд шудааст. Зимни ифтитоҳи […]

Asia-Plus

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки чанде пеш дар интихоботи парлумонии кишвар ғолиб ва аксари курсиҳоро соҳиб гардид, соҳиби бинои нав шуд. Бинои нав имрӯз, 10-уми апрел, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси ҲХДТ мебошад, ифтитоҳ ёфт.

Бинои нави ҲХДТ дар хиёбони ба номи Садриддин Айнии пойтахт бунёд шудааст. Зимни ифтитоҳи он ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки бинои нав дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон аст. Ҳамчунин, дар ин бино Осорхонаи ҲХДТ таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ҲХДТ умдатарин нерӯи сиёсии кишвар аст, ки беш аз 30 сол ин ҷониб фаъолият дорад. Он соли 1994 таъсис ёфта, айни замон аз сераъзотарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон дониста мешавад. Теъдоди аъзои он бештар аз 600 ҳазор гуфта мешавад.

ҲХДТ чанде пеш дар интихоботи парлумонии кишвар бори дигар ғолиб ва аксар курсиҳоро соҳиб шуд. Аъзои ин ҳизби ҳоким аксаран дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият мекунанд ва амалан нерӯи муассиртарин сиёсӣ дониста мешаванд.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.