“Муборак сабқати сахти “Парасту”. Гузориш аз рӯзи нахустини ҷашнвораи “Парасту – 2025”

Дирӯз, 14-уми апрел,  дар Душанбе ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту – 2025” оғоз гардид ва ҳунармандони Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи озмунро рӯйи саҳна оварданд. Имсол дар саҳни Театри опера ва балет, ба фарқ аз солҳои пешин, вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён ҳунармандони ҳар театрро ба таври алоҳида истиқбол гирифт. Дар маросими […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 14-уми апрел,  дар Душанбе ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту – 2025” оғоз гардид ва ҳунармандони Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи озмунро рӯйи саҳна оварданд.

Имсол дар саҳни Театри опера ва балет, ба фарқ аз солҳои пешин, вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён ҳунармандони ҳар театрро ба таври алоҳида истиқбол гирифт.

Дар маросими кушодашавии ин фестивал – озмуни ҷумҳуриявӣ ҳама ҳунармандони театрҳои пойтахт ва музофоти кишвар ширкат варзиданд.

Толори театр моломоли тамошобинон ва мухлисони ҳунари театрӣ буд ва ҷашнвора бо ин байтҳо оғоз гардид:

Муборак озмуни ҷонфидоӣ,

Муборак сабқати сахти "Парасту"!

Матлубхон Сатториён бо суханронии ифтитоҳӣ аз таърихчаи ҷашнвора ёдварӣ карда, аҳамияти онро бузург арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки имсол озмуни “Парасту”-ро якҷо бо доварони тоҷик, ҳамчунин доварон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия баҳогузорӣ мекунанд.

 

Сатториён гуфт, ки “фестивал бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландмазмуни ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомон доир мешавад”.

Вазири фарҳанг таҳти тантанаандозии гимни “Парасту” парчами ин ҷашнвораро парафшон кард ва ба ҳама ҳунармандон комёбӣ таманно намуд.

Пасон ҳунармандони Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи “Куруши Кабир” дар таҳияи Айяна Оскенбаеваро манзури ҳаводорон гардониданд.

Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту” анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

Фестивал то 21-уми апрел давом карда, 18 театри касбӣ беҳтарин намоишҳоеро, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, манзури тамошобинон менамоянд.

Бояд гуфт, ки имрӯз, 15-уми апрел, дар Театри  давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши “Хорпуштак ва Рӯбоҳ” (соати 10:00), дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши “Тангои ҷиноятӣ” (соати 14:00) ва дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоиши “Евгений Онегин” (соати 17:30) манзури тамошобинон гардонида мешавад.

 

Дар бораи он ки боз кадом намоишнома кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.