КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад

Дар пайи боришоти рӯзҳои охир хатари омадани сел то 20-уми апрели соли ҷорӣ боқӣ мемонад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фақулода (КҲФ) хабар дода, аз шаҳрвандон хостааст, ки боэҳтиёт бошанд ва аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Ин ниҳод гуфтааст, ки дирӯз, 18-уми апрел бар асари бориши шадиди борон дар бархе минтақаҳои кишвар […]

Asia-Plus

Дар пайи боришоти рӯзҳои охир хатари омадани сел то 20-уми апрели соли ҷорӣ боқӣ мемонад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фақулода (КҲФ) хабар дода, аз шаҳрвандон хостааст, ки боэҳтиёт бошанд ва аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дирӯз, 18-уми апрел бар асари бориши шадиди борон дар бархе минтақаҳои кишвар сел омадаааст, ки дар натиҷа бархе роҳҳо баста шудаанд.

Манбаъ навиштааст, ки бар асари боридани борон дар чанд қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Лаби Ҷар дар ноҳияи Сангвор сел омада, ин масирро бастааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ноҳияи Лахш низ сел омада, роҳи деҳаи байни ҷамоати Лахш ва Лахши Болоро бастааст. Қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, низ бар асари омадани сел баста шудааст.

Кумита таъкид кардааст, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус ва кормандони хадамоти роҳ барои тоза кардани шоҳроҳҳо сафарбар шудаанд. Вале манбаъ дақиқ нагуфтааст, ки роҳҳо кай боз мешаванд.

ҚҲФ гуфтааст, дар пайи ин селҳо ки ягон кас осеб надидааст ва хисороти ҷиддӣ низ ба қайд гирифта нашудааст.

Ин ниҳод бори дигар ёдрас шудааст, ки рӯзҳои 18-20 апрел дар Тоҷикистон боридани борони шадид, раъду барқ, жола ва барф дар баландиҳо пешбинӣ шудааст. Дар баъзе минтақаҳо болоравии оби дарёҳо, фаромадани ярч ва обхезӣ низ имконпазир аст.

Дар робита ба ин, КҲФ аз аҳолӣ хостааст, ки чораҳои бехатариро риоя карда, аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Кумита гуфтааст, дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба ҳодисаҳои хатарнок шаҳрвандон бо рақамҳои 112 ё (+992) 938802819, 2231311 занг зада, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер