spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Аз “Мактаби кӯҳна” то “Саёҳати Гуливер”. Китобхонаи миллӣ барои нобиноён китобҳои нав овард

Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) барои хонандагони имконияташон маҳдуд, ба вижа барои нобиноён як силсила китобҳои навро бо забони тоҷикӣ ворид кардааст. Дар ин бора Назира Толибова, мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди КМТ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин китобҳои нав бо алифбои брайл, ҳуруфи хос барои хониши нобиноён, ба чоп баромада, барои хонандагони имконияташон маҳдуд равона мешавад.

Ӯ аз китобҳои бо алифбои брайл воридшуда, “Мактаби кӯҳна”-и Садриддин Айнӣ, “Фотиҳаи падар”-и Наҷмиддин Салоҳиддинзода, “Ҳикояҳо” ва “Панди Бобо”-и Ғанӣ Ҷӯразода, “Афсонаҳои халқи тоҷик”, “Аловиддин ва чароғи сеҳрнок” ва “Кори нек купрук мешавад” ном бурд.

“Миёни китобҳои бо алифбои брайл ба КМТ воридшуда, аз нависандагони хориҷа низ қисми 1 ва 2-и китоби “Нахустин устод” аз Чингиз Айтматов ва қисми 1 ва 2-и китоби “Саёҳати Гуливер” аз Ҷонатан Свифт дастрасӣ мо шуд”, – гуфт Толибова.

Номбурда афзуд, китобҳои мазкур дар семоҳаи охир аз 10 то 50 нусхаӣ ба КМТ ворид карда шудаанд.

Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар маъхази китобхона 711 нусха китоб бо ҳуруфи брайл ва бо забонҳои точикиву русӣ маҳфузанд ва хонандагони имконияташон маҳдуд метавонанд аз онҳо истифода кунанд.

“Ҳамарӯза дастикам 5-6 нафар хонандани имконияташон маҳдуд барои дастрас кардани ин ё он китоб ба КМТ меоянд. Мо бо бархеи онҳо ҳамсӯҳбат мешавем ва хоҳишу ниёзҳояшонро мешунавем. Ҳатто агар китоби лозимаи онҳо бо алифбои брайл дар маъхази китобхона набошад, онро қайд карда, ба ташкилот ва мақомоти зидахл мерасонем”, – таъкид кард ҳамсӯҳбати мо.

Ин масъули КМТ иброз дошт, ки китобхона имкони бо алифбои брайл чоп кардани китобҳоро надорад ва асосан аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё хориҷӣ ин гуна китобҳоро ба таври ройгон дастрас мекунанд.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Китоб бо пахши як тугма. Китобхонаи миллӣ боргирии китобҳоро ба роҳ монд

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Ҷамъият ва Мактаби нобиноёни шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии “Меҳрбахш”, “Россотрудничество”, ЮСАИД, Филиали асотсиатсия “Каритас”-и Олмон дар Тоҷикистон ва шахсони алоҳида ба КМТ барои хонандагони имконияташон маҳдуд китоб ҳадя мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои алоқамандони китоб саҳифаи Ютуб ва канали телеграми худро боз намуд. Ҳоло хонандагон имкон пайдо кардаанд, ки китобҳои дар ихтиёри КМТ бударо бо забонҳои тоҷикӣ, хориҷӣ ва ҳатто хатти форсӣ пайдо кунанд, боргирӣ намоянд ё фармоиш диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...