“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд

Чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки тариқи ширкатҳои ӯзбекистонӣ ба умра рафта, фиреб хӯрданд ва аз муҳлати муқарраршуда бештар дар Арабистони Саудӣ монданд, ба Тоҷикистон баргаштаанд. Бархеи онҳо гуфтанд, барои бозгашт маблағи иловагӣ пардохт кардаанд. Як нафари дигар гуфт, ӯ ва чанд ҳамроҳашро мақомоти Ӯзбекистон баргардонид. Акнун онҳо аз ширкати хадамотрасон барои иҷро накардани уҳдадориҳояш ва сарфи маблағ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки тариқи ширкатҳои ӯзбекистонӣ ба умра рафта, фиреб хӯрданд ва аз муҳлати муқарраршуда бештар дар Арабистони Саудӣ монданд, ба Тоҷикистон баргаштаанд. Бархеи онҳо гуфтанд, барои бозгашт маблағи иловагӣ пардохт кардаанд. Як нафари дигар гуфт, ӯ ва чанд ҳамроҳашро мақомоти Ӯзбекистон баргардонид.

Акнун онҳо аз ширкати хадамотрасон барои иҷро накардани уҳдадориҳояш ва сарфи маблағ барои қариб 20 рӯзи дар Арабистон будан, ҷуброни зарар талаб доранд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ки 580 зоир, ки тавассути ширкатҳои ин кишвар барои анҷоми умра ба Арабистони Саудӣ рафта, банд монда буданд, ба ватан баргардониданд.

Дар гузориши телевизиони расмии “Ӯзбекистон 24”, гуфта шудааст, ки “бо супориши Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон барои баргардонидани зоирони дар шаҳри Макка дармонда, рӯзи 22-юми апрел чанд парвози чартерӣ анҷом шуд”.

Манбаъ гуфтааст, ки “созмондиҳандагони ин сафар уҳдадориҳои худро иҷро накарданд, аз ин рӯ зоирон бе ғизо ва сарпаноҳ дар шаҳри Макка монданд”.

Миёни зоирони баргардонидашуда шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд. “Азия-Плюс” бо Моҳчеҳра Азимова, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тариқи парвози чартерии мақомоти Ӯзбекистон ба ватан баргаштаст, суҳбат кард.

 

“Моро ба Макка бурданду сарсон карданд”

Моҳчеҳра Азимова мегӯяд, рӯзи 22-юми апрел бо чанд ҳамроҳаш тавассути парвози чартерӣ ба Тошканд баргашт. Ӯ иброз дошт, ки ширкати ӯзбекистонии “Ахи-Тур” онҳоро ба шаҳри Макка бурда, аммо барои бозгашташон коре накардааст.

“Ҳудуди 28 зоири тоҷик тавассути рейсҳои Ӯзбекистон ба Тошканд омадем. Дар фурудгоҳи Тошканд кормандони мақомоти ин кишвар аз мо баёнот гирифтанд. Аз болои намояндагони ширкат шикоят кардем, то зарари моро ҷуброн кунад. Мақомот ваъда доданд, масъаларо дида мебароянд, аммо қариб як ҳафта шуд, ки на занг ҳасту на хабар”, – иброз дошт Азимова.

Ба нақли ҳамсӯҳбати мо, онҳо барои хидматрасонӣ ба ширкати “Ахи-Тур”, 1 ҳазору 400 доллар пардохт кардаанд, аммо ширкат бо баҳонаи он ки одам кам аст, масъулиятро ба дӯши ширкати дигар бо номи “JAT” вогузоштааст.

“Моро ба шаҳри Макка бурданду Каъбаро нишон доданд, аммо ба шаҳри Мадина набурданд. Бо пули худамон ба зиёратгоҳи Биби Оиша рафтем”, – зикр кард ӯ.

Моҳчеҳра Азимова гуфт, ки 18-уми март аз Тошканд ба Арабистони Саудӣ сафар карданд ва онҷо бояд 16 рӯз, яъне то 2-юми апрел мемонданд. Аммо сафари онҳо то 21-уми апрел, яъне 19 рӯз бештар давом кард. Дар ин 19 рӯз ҳамаи хароҷот аз ҳисоби худи онҳо будааст.

“Рӯзҳои охир пуламон нарасид, азоб кашидем, махсусан модарам, ки бемории қалб доштанд”, – нақл кард ӯ.

 

 

“Аз хешу табор қарз карда, чиптаи бозгашт харидем”

Шоҳрух, зоири дигаре, ки ҳамроҳи падар ва ҳамсараш тавассути ширкати ӯзбекистонии “Ахи Тур” барои умра рафтааст, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки баъди 1 моҳу 3 рӯз аз ҳисоби худ чипта харида, ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ӯ иброз дошт, ки масъулини ин ширкат онҳоро ба Арабистони Саудӣ расонида, бархилофи ваъдаашон бидуни роҳбалад танҳо гузоштаанд. Онҳо то ин муддат аз ҳисоби худ дар яке аз меҳмонхонаҳои ин шаҳр истодаанд.

“Мо аз хешу табор дар Тоҷикистон қарз карда, чипта харидем. Рӯзи 19-ум апрел 7 нафар якҷоя ба ватан баргаштем”, – гуфт Шоҳрух.

Ӯ мегӯяд, ки гурӯҳи зоирони тоҷик ба масъулини ширкатҳо ва мақомоти Ӯзбекистон борҳо муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа будааст. Масъулин ба онҳо танҳо гуфтаанд, ки баъди ҳалномаи додгоҳ кори ин ширкатҳо санҷида шуда, ҷуброни зарар баррасӣ мешавад.

 

 

Хадамоти арзон – омили аслии интихоби ширкатҳои ӯзбекистонӣ

Зоирони тоҷик мегӯянд, арзонии хадамоти сафар ба Арабистони Саудӣ тавассути ширкатҳои ӯзбекистонӣ, онҳоро водор мекунад, ин самтро интихоб кунанд.

“Чун сафар тариқи ширкатҳои ӯзбекистонӣ арзонтар буд, онро интихоб кардем. Аммо акнун пушаймон шудем, зеро бештар аз оне пардохтем, ки ширкатҳои ватанӣ талаб мекунанд”, – таъкид мекунад як зоири тоҷик, ки тариқи ширкати ӯзбекистонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст.

Бояд гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ширкатҳои ӯзбекистонӣ, ки хадамоти сафар ба умраро пешниҳод мекунанд, зиёд ва фаъоланд. Онҳо бо нархи поёнтар аз ширкатҳои тоҷикистонӣ (тахминан 4-5 ҳазор сомонӣ арзонтар) сафар ба умраро пешниҳод мекунанд ва эълонашон бо забони тоҷикӣ ҳам бисёр аст.

Аммо мақомоти Ӯзбекистон мегӯяд, алайҳи аксари ин ширкатҳо барои ташкили ғайриқонунии сафари умра парванда боз кардааст. Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ мақомоти Ӯзбекистон нисбати 53 ширкат парванда боз кардааст. Аммо дар бораи ҷуброни зарари онҳое, ки ин ширкатҳо фиреб додаанд, чизе нагуфтааст.

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон борҳо аз сокинони кишвар хостааст, тариқи ширкатҳои боэътимод ва ватанӣ ба умра раванд. Аз ҷумла, тавассути ду ширкати ватанӣ – “Расул” ва “Ормон”, ки хоҳишмандонро барои умра мебаранд. Аммо тафовути арзиши хадамот боз ҳам теъдоде аз шаҳрвандонро ба сӯйи ширкатҳои ӯзбекистонӣ мебарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.