Ҳукумати кишвар масъалаи дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷетро баррасӣ кардааст

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар, ки дирӯз, 30-юми апрел баргузор шуд, лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон ирсол гардид. Хадамоти матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад, ки “бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур зиёда аз 5500 шаҳрванди кишвар бо кор […]

Asia-Plus

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар, ки дирӯз, 30-юми апрел баргузор шуд, лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон ирсол гардид.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад, ки “бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур зиёда аз 5500 шаҳрванди кишвар бо кор таъмин хоҳанд шуд”.

Дар назди президент ва дигар аъзои ҳукумат, дар бораи амалисозии лоиҳа Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузориш додааст.

“Гуфта шуд, ки мақсади таҳия ва қабули лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар пешбинӣ мегардад”, – навиштааст хадамоти матбуотии президент.

Дар идомаи маҷлис, лоиҳаи қарори ҳукумати кишвар дар бораи дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ баррасӣ гардида, барои муҳокима ба парлумон ирсол гардид.

Манбаъ менависад, ки дар идомаи маҷлис, ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла идора ва назорати самараноки истифодаи замин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.