Ҷашнвораи байналмилалии театрҳо-“Наврӯз”. Кай, дар куҷо ва чӣ намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?

Дар шаҳри Душанбе аз 2 то 6-уми май ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ таҳти унвони “Наврӯз” доир мегардад, ки дар он 8 намоишнома аз ҷониби театрҳои 6 кишвар ба саҳна гузошта мешавад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ дода, нақшаи баргузории ин фестивалро нашр кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми май, соати 17:30 дар Театри […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе аз 2 то 6-уми май ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ таҳти унвони “Наврӯз” доир мегардад, ки дар он 8 намоишнома аз ҷониби театрҳои 6 кишвар ба саҳна гузошта мешавад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ дода, нақшаи баргузории ин фестивалро нашр кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии ҷашнвора баргузор мегардад. 

Ҳамчунин, ин рӯз баъди чорабинии ифтитоҳии ҷашнвора операи “Рӯдакӣ”-и Ш.Сайфиддинов аз ҷониби театри мазкур ба саҳна гузошта мешавад.

Дар бораи он ки кадом намоишнома кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба саҳна гузошта мешавад, дар тасвирбаёни зер бубинед:

Дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ, театрҳои касбии Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат мекунанд.

Ҳадафи баргузории фестивал, "тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳунармандони кишварҳои ширкатдошта, густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо" гуфта мешуд.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барҳам хӯрда буд, акнун он дубора эҳё мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд пеш дар Тоҷикистон ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- “Парасту 2025” баргузор шуда буд. Он чӣ гуна гузашт ва киҳо ғолиб шуданд, дар маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.