“Барои аз ҷавобгарӣ озод кардан”. Як корманди ВКД ба қаллобии 200 ҳазор сомонӣ гумонбар аст

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи чанд корманди милиса бо гумони “қаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора ин Оҷонсӣ дирӯз, 30-юми апрел хабар дод. Ин ниҳод танҳо аз як нафари онҳо- Абдуллозода У.Н., ваколатдори калони оперативии Шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷўии Воҳиди махсуси ВКД ном бурдааст.   "Чунончи, Абдуллозода У.Н… бо як қатор кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан як намуда, […]

Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи чанд корманди милиса бо гумони “қаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора ин Оҷонсӣ дирӯз, 30-юми апрел хабар дод.

Ин ниҳод танҳо аз як нафари онҳо- Абдуллозода У.Н., ваколатдори калони оперативии Шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷўии Воҳиди махсуси ВКД ном бурдааст.

 

"Чунончи, Абдуллозода У.Н… бо як қатор кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан як намуда, бо роҳи фиреб ба боварии бародари шаҳрванд Ш.Ҳ. – Ш.Ш. даромада, аз номбурда бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз ҳабси маъмурӣ озод намудани додараш Ш.Ҳ. (бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳабси маъмурӣ қарор дошт, – шарҳ аз идора) ғайриқонунӣ маблағи 200.000 сомонӣ талаб карданд", – навиштааст Оҷонсии зидиифасод.

Ба гуфтаи манбаъ, Абдуллозода тариқи миёнаравҳо аз ин шаҳрванд 190 ҳазор сомонӣ гирифта, "бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Ш.Ш. зарари махсусан калони моддӣ расонид".

Оҷонсии зиддифасод гуфтааст, ки алайҳи Абдуллозода У.Н. ва дигарон бо иттиҳоми “қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст” (моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ) парванда оғоз ва барои барраӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин банди қонунгузорӣ мусодираи амвол ва то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Маълум нест, ки Абдуллозода ҳоло дар озодӣ аст ё боздошт. Ҳамчунин, Оҷонсӣ бо вуҷуди он ки гуфтааст дар робита ба ин қазия алайҳи чанд нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуд, номи дигар нафарро зикр накардааст.

Назари ин корманди милитсия ва наздикони ӯ дар мавриди ин ҳодиса маълум нест.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар шумораи ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузҳашта 38,2% афзоиш ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.