Чаро намоишномаи “Ҷанг”-и театри Озарбойҷон рӯйи саҳна наомад?

Дирӯз, 4-уми май, дар Душанбе мебоист намоишномаи “Ҷанг”-и Театри давлатии миллии тамошобинони навраси Озарбойҷон намоиш дода мешуд, вале он баргузор нашуд ва масъулин ҳам ҳаводорони театрро дар ин бора огоҳ накарданд. Тибқи барномаи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз”, ки аз сӯи Вазорати фарҳанг тасдиқ шуда буд, ин намоишнома бояд соати 17:30 дар Театри давлатии […]

Asia-Plus

Дирӯз, 4-уми май, дар Душанбе мебоист намоишномаи “Ҷанг”-и Театри давлатии миллии тамошобинони навраси Озарбойҷон намоиш дода мешуд, вале он баргузор нашуд ва масъулин ҳам ҳаводорони театрро дар ин бора огоҳ накарданд.

Тибқи барномаи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз”, ки аз сӯи Вазорати фарҳанг тасдиқ шуда буд, ин намоишнома бояд соати 17:30 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов рӯи саҳна меомад.

Дар ин соат ҳаводорони зиёде назди бинои театр ҷамъ омаданд, аммо дари театр баста буд. Масъулини театр низ ҳозир набуданд, то далели бекор шудани намоишро шарҳ диҳанд. Ҳозирин шиква карданд, ки қаблан дар бораи бекор шудани намоишнома дар ягон ҷо эълон ва ё огоҳие набуд.

Аз театри ҷавонон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳунармандони театри Озарбойҷон ба Душанбе наомадаанд ва аз ин рӯ, наомишнома баргузор нашуд.

“Бояд меомаданд, аммо саҳари ҳамон рӯз маълум карданд, ки намеоянд. Аммо эълон ҳама ҷо паҳн шуда буд”, – гуфт як масъули ин театр бидуни зикри номаш.

Дар ҳамин ҳол, Қамариддин Мирзоев, як масъули баргузории ҷашнвораи мазкур рӯзи 5-уми май ба "Азия-Плюс" гуфт, ҳунармандони Театри Озарбойҷон дар доираи рӯзҳои фарҳангии ин кишвар, ки рӯзи 18-уми май оғоз мешавад, ба Душанбе меоянд ва ин намоишнома дар доираи ин рӯзҳо ба ба саҳна гузошта мешавад.

Ӯ гуфт, баргузор нашудани намоишномаро пешакӣ расонаӣ карда буданд, аммо нагуфт, ки дар куҷо. Мо низ аз сомонаву саҳифаи вазорат ва театр ҷиҳати барпо нашудани намоиш иттилое пайдо накардем.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ки ин масъаларо шарҳ диҳанд. Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз ниҳод бенатиҷа анҷомид.

Ёдрас мешавем, ки қаблан вазорати фарҳанг хабар дода буд, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” бо иштироки театрҳои 6 кишвар -Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон баргнузор мешавад. Ҳоло маълум мешавад, ки Озорбойҷон дар ин ҷашнвора ширкат намекунад.

Зимнан, дирӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи “Тазавр” аз ҷониби ҳунармандони театри давлатӣ-драмавии шаҳри Гории Арманистон ба саҳна гузошта шуд.

Рӯзҳои якум ва дуюми ҷашнвора кадом намоишномаҳо манзури бинандагони театр гардид, дар ин пайвандҳо мутолиа кунед.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барҳам хӯрда буд. Акнун он дубора эҳё шуд ва имсол аз 1 то 6-уми май дар Душанбе мегузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.