Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд

Таносуби ҳиссаи амалиёти гирифтани пули нақд ва пардохти ғайринақдии молу маҳсулот ва хидматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронии пардохт дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон аз 69,4% ба 30,6%-ро ташкил додааст, ки 4,6 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад. “Амалиётҳои ғайринақдӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таносуби ҳиссаи амалиёти гирифтани пули нақд ва пардохти ғайринақдии молу маҳсулот ва хидматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронии пардохт дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон аз 69,4% ба 30,6%-ро ташкил додааст, ки 4,6 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.

“Амалиётҳои ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) аз рӯи шумора 40,7 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 76,4 фоиз афзоиш ёфтааст”, – омадааст дар хабари БМТ.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 31 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 8,6 млн адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шудааст, ки 21,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Зиёда аз нисфи кортҳои нашршуда ба низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” (54,1%) ва қисмати боқимонда – ба низомҳои байнулмилалии пардохти VISA, Mastercard, ExpressPay ва UnionPay (21,5%), кортҳои муштараки низомҳои пардохти ExpressPay ва “Корти миллӣ” (21,6%), инчунин кортҳои дохилии ташкилотҳои қарзии кишвар (2,8%) рост меоянд.

То охири моҳи марти соли 2025 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 12,7 млн ададро ташкил медиҳад, ки 32,8 фоиз зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.