Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷадвали баргузории имтиҳонҳоро барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар соли 2025 тасдиқ кард. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Вазорат хабар доданд, имтиҳонҳо барои хонандагони синфҳои 4, 8 ва 10-ум дар давраи аз 2 то 10 июн баргузор мешаванд. Барои толибилмони синфи 9-ум давраи супурдани имтиҳонҳо то 16 июн давом […]

Нигина Аслонова, Asia Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷадвали баргузории имтиҳонҳоро барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар соли 2025 тасдиқ кард.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Вазорат хабар доданд, имтиҳонҳо барои хонандагони синфҳои 4, 8 ва 10-ум дар давраи аз 2 то 10 июн баргузор мешаванд.

Барои толибилмони синфи 9-ум давраи супурдани имтиҳонҳо то 16 июн давом карда, хатмкунандагони синфи 11-ум аз 2 то 20 июн имтиҳон месупоранд.

Дар Вазорат ҳамчунин хабар доданд, ки соли хониш барои хонандагони синфи 1-ум 24 май ба итмом расида, аз 25 май онҳо ба таътил мебароянд.

Барои толибилмони синфҳои 2-11 дарсҳо рӯзи 31 май ба охир расида, пас аз ин давраи имтиҳонсупорӣ оғоз мегардад.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки имтиҳонҳо бо ҳузури шахсӣ ва фанҳои муқарраршуда аз ҷониби вазорат мувофиқи барномаҳои амалкунандаи таълимӣ гузаронида мешаванд.

Ҷадвали баргузор намудани имтиҳонҳо дар мактабҳои Тоҷикистон давоми солҳои ахир як хел ва устувор боқӣ мемонад.

Дар солҳои 2023 ва 2024 низ имтиҳонҳо дар рӯзҳои аввали моҳи июн оғоз гардида, то рӯзҳои 20-уми моҳ давом мекарданд.

Соли хониш дар кишвар тайи солҳои ахир маъмулан дар охири моҳи май анҷом меёбад: хонандагони синфҳои 1-ум каме барвақттар аз дигар синфҳо ба таътил мебароянд. Ин гуна пайдарҳамӣ ба нигаҳдории тартиби маъмулии раванди таълимӣ имкон дода, ба мактабҳо ҷиҳати пешакӣ дақиқан ба нақша гирифтани давраҳои супурдани имтиҳонҳо шароит фароҳам меорад.

Вазорати маориф ва илм аз волидон ва хонадагон даъват кардааст, ки эълонҳо дар мактабҳоро пайгирӣ намуда, пешакӣ ба имтиҳонҳо омода шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.