Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт

Дар пасманзари душвориҳои иқтисодӣ, нархҳои баланд ба хӯроковрӣ ва афзоиши таъсири тағйироти иқлим, Тоҷикистон дар сафи кишварҳои бештар осебпазир қарор гирифт. Дар ин бора дар гузориши глобалӣ дар бораи буҳронҳои ғизо дар соли 2025 хабар дода мешавад, ки дар он Осиёи Марказӣ бори аввал минтақаи нигаронӣ номида шудааст. Мувофиқи гузориши Global Report on Food Crises […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар пасманзари душвориҳои иқтисодӣ, нархҳои баланд ба хӯроковрӣ ва афзоиши таъсири тағйироти иқлим, Тоҷикистон дар сафи кишварҳои бештар осебпазир қарор гирифт. Дар ин бора дар гузориши глобалӣ дар бораи буҳронҳои ғизо дар соли 2025 хабар дода мешавад, ки дар он Осиёи Марказӣ бори аввал минтақаи нигаронӣ номида шудааст.

Мувофиқи гузориши Global Report on Food Crises 2025, ки 16 май нашр шуд, вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва Қирғизистон боиси нигаронӣ арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, дар ин кишварҳо омезиши якчанд омилҳои номусоид мушоҳида мешавад: ноустувории иқтисодӣ, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва осебпазирии баланд ба тағйирёбии иқлим. Ин омилҳо, ба назари муаллифони гузориш, метавонанд дар ояндаи наздик ноустувории ғизоиро бадтар карда, ба дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти заминавӣ таъсири манфӣ расонанд.

“Дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъият бар асари душвориҳои иқтисодӣ, нархҳои баланд ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим боиси нигаронист, ки эҳтимол ноустувории ғизоиро тақвият бахшад”, – огоҳ мекунанд муаллифони гузориш.

Ин изҳорот аввалин ишораи аёну возеҳи минтақа дар чунин гузоришҳо тай солҳои ахир аст. Таъкид мешавад, ки ҳарчанд Тоҷикистон ҳоло ба сафи 59 кишвари дорои шаклҳои бештар вазнини буҳрони озуқаворӣ дохил нашавад ҳам, худи пайдо шудани он дар рӯйхати хавфҳои минтақавиро мебояд ҳамчун огоҳии ҷиддӣ баррасӣ кард.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ ба интиқоли маблағ зиёд буда, фишори таваррум боқӣ мемонад. Инчунин ҳарчи бештар ҳодисаҳои хушксолӣ, якбора тағйир ёфтани ҳарорат ва дигар ҳодисаҳои иқлимӣ ба мушоҳида мерасанд. Ҳамаи ин ба ҳосилнокӣ, сатҳи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва дастрасии ниҳоӣ ба озуқаворӣ барои гурӯҳҳои нисбатан камтар ҳифзшудаи аҳолӣ бевосита таъсир мерасонад.

Қобили зикр аст, ки зимни суханронӣ дар семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара рӯзи 17 май президенти Тоҷикистон ба масъалаи амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро яке аз вазифаҳои стратегии кишвар номид. Ӯ изҳор намуд, ки соли 2025 метавонад гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо шавад ва таъсири омилҳои глобалӣ – тағйирёбии иқлим, болоравии нархҳо ва ихтилофҳои тиҷоратиро ба вазъи дохилӣ таъкид дошт.

Дар посух ба хатарҳо вазифа гузошта шуд, ки аз ҳисоби истифодаи пурсамари замин, ҷорисозии технологияҳои сарфаи энергия, кишти такрорӣ ва рушди илм дар соҳаи кишоварзӣ, худкифоягии озуқаворӣ таъмин карда шавад. Президент ба мушкилот дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла камшавии истеҳсоли гӯшт ва тухми мурғ, пойгоҳҳои обкашие, ки аз кор мондаанд ва ҳаҷми нокофии кишти сабзавот ва картошка ишора кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.