Бастрикин эътироф кард, ки 20 ҳазор муҳоҷири шаҳрвандии Русияро гирифта ба ҷанг фиристода шудаанд

Date:

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо андешаҳои тунди миллатгароёна ва зидди муҳоҷиронаш шинохта шудааст, дар ҳамоиши ҳуқуқшиносон дар шаҳри Санк-Петербург гуфт, ки муффаттишони ниҳоди зери роҳбарии ӯ ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва Росгвардия дар рейдҳои “маҳалли таҷаммӯи муҳоҷирон” иштирок карда, онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, мушаххас кардаанд.

Ӯ таъкид кард, ки зимни ин рейдҳо 80 ҳазор “чунин шаҳрвандони Русия” муайян ва дастгир шуда, 20 ҳазори онҳо аллакай ба ҷанги Русия дар Украина фиристода шудаанд.

“Шаҳрванди ҷавони Русия, ки бо чӣ сабабе зиндагӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистонро хуш надоранд, дар ҷабҳа қарор доранд”, – зикр кард ӯ.

Инчунин, раҳбари Кумитаи тафтишот гуфт, ба Русия таҳти номи муҳоҷирон “ҷинояткорони оянда” сафар мекунанд ва онҳоро “қапида” ба ватанашон баргардонидан лозим аст, то ки “ҷиноятро он ҷо, на дар Русия содир кунанд”.

Сухан аз рейдҳое меравад, ки тайи чанд соли охир, махсусан дар пайи оғози ҷанги Русия дар Украина, дар ин кишвар бамаротиб бештар шуда, ба шеваи дағал, таҳқиромез ва бидуни риояи ҳуқуқҳои инсон гузаронида мешавад. Дар ҷараёни ин рейдҳо муҳоҷирон боздошт гардида, теъдоде аз онҳо ихроҷ мешавад ва қисме, онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, иҷборан дар қайди ҳарбӣ гузошта шуда, гурӯҳе ба ҷанг фиристода мешаванд. Мақомоти Русия ин амали худро “мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ” менаманд.

Қишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз ин шеваи рафтори мақомоти Русия борҳо нигаронии худро иброз дошта, ҳатто расман эътирози худро баён карда буданд. Вале ин бадрафтории мақомоти Русияро тағйир надод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...