Бастрикин эътироф кард, ки 20 ҳазор муҳоҷири шаҳрвандии Русияро гирифта ба ҷанг фиристода шудаанд

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо андешаҳои тунди миллатгароёна ва зидди муҳоҷиронаш шинохта шудааст, дар ҳамоиши ҳуқуқшиносон дар шаҳри Санк-Петербург гуфт, ки муффаттишони ниҳоди зери роҳбарии ӯ ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва Росгвардия дар рейдҳои “маҳалли таҷаммӯи муҳоҷирон” иштирок карда, онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, мушаххас кардаанд. Ӯ таъкид […]

Asia-Plus

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо андешаҳои тунди миллатгароёна ва зидди муҳоҷиронаш шинохта шудааст, дар ҳамоиши ҳуқуқшиносон дар шаҳри Санк-Петербург гуфт, ки муффаттишони ниҳоди зери роҳбарии ӯ ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва Росгвардия дар рейдҳои “маҳалли таҷаммӯи муҳоҷирон” иштирок карда, онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, мушаххас кардаанд.

Ӯ таъкид кард, ки зимни ин рейдҳо 80 ҳазор “чунин шаҳрвандони Русия” муайян ва дастгир шуда, 20 ҳазори онҳо аллакай ба ҷанги Русия дар Украина фиристода шудаанд.

“Шаҳрванди ҷавони Русия, ки бо чӣ сабабе зиндагӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистонро хуш надоранд, дар ҷабҳа қарор доранд”, – зикр кард ӯ.

Инчунин, раҳбари Кумитаи тафтишот гуфт, ба Русия таҳти номи муҳоҷирон “ҷинояткорони оянда” сафар мекунанд ва онҳоро “қапида” ба ватанашон баргардонидан лозим аст, то ки “ҷиноятро он ҷо, на дар Русия содир кунанд”.

Сухан аз рейдҳое меравад, ки тайи чанд соли охир, махсусан дар пайи оғози ҷанги Русия дар Украина, дар ин кишвар бамаротиб бештар шуда, ба шеваи дағал, таҳқиромез ва бидуни риояи ҳуқуқҳои инсон гузаронида мешавад. Дар ҷараёни ин рейдҳо муҳоҷирон боздошт гардида, теъдоде аз онҳо ихроҷ мешавад ва қисме, онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, иҷборан дар қайди ҳарбӣ гузошта шуда, гурӯҳе ба ҷанг фиристода мешаванд. Мақомоти Русия ин амали худро “мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ” менаманд.

Қишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз ин шеваи рафтори мақомоти Русия борҳо нигаронии худро иброз дошта, ҳатто расман эътирози худро баён карда буданд. Вале ин бадрафтории мақомоти Русияро тағйир надод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.