Дар соҳили “Баҳри тоҷик” чандин осоишгоҳ амал мекунад, ки дар онҳо метавон бо аъзои оила ва дур аз гармиву ғавғои шаҳр на танҳо истироҳат кард, балки саломатиро барқарор кард. Онҳо кадом хидматрасониҳоро пешниҳод мекунанд?
Осоишгоҳи “Шифо”
Ин осоишгоҳ дар масофаи 6 км аз шаҳри Гулистон дар минтақаи истироҳатӣ, дар соҳили обанбор ҷойгир аст. Бинои сеқабатаи осоишгоҳ барои қабули 100 нафар пешбинӣ шудааст.
Барои табобат ва истироҳат шароити лозим фароҳам аст: пойгоҳи табобатӣ, ошхона, утоқҳои тиббӣ ва толори варзишӣ.
Ҳамчунин барои истироҳаткунандагон чойхона, сауна ва соҳили об муҳаёст. Шабонаҳо дар барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мешавад. Утоқҳои муқаррарӣ, “люкс” ва коттеҷҳои 2 ва 4-нафарӣ пешниҳод мегарданд.
Телефон барои сабт: +992 915203220
Осоишгоҳи “Баҳористон”
“Баҳористон” низ дар соҳили обанбор ҷойгир буда, бо доштани пойгоҳи муосири табобатӣ меҳмононро дар тамоми фаслҳои сол барои муолиҷа қабул мекунад.
Мухлисони истироҳати фаъол метавонанд дар ин ҷо бо катер ё гидросикл сайр кунанд, моҳидорӣ намоянд, теннис бозӣ кунанд. Шабонаҳо барои меҳмонон саққобозӣ, боулинг ва барномаҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.
Барои кӯдакон низ майдонча ва барномаҳои фароғатии махсус ташкил шудааст.
Нархҳо аз рӯйи категорияи утоқ (муқаррарӣ, люкс, VIP, коттеҷ) ва бинои истиқоматӣ фарқ мекунанд:
- Бинои “А”: утоқи муқаррарӣ бо се вақт хӯрок — 300 сомонӣ барои як нафар дар як шабонарӯз; утоқи “люкс” — 880 сомонӣ.
- Бинои асосӣ: утоқи муқаррарӣ — 230 сомонӣ, “люкс” барои як нафар — 470 сомонӣ, барои ду нафар — 705 сомонӣ.
- Коттеҷҳо: барои то 4 нафар — 1500 сомонӣ; коттеҷи чӯбӣ (VIP) — 5000 сомонӣ.
Телефонҳо барои сабт: +992 928585555 / +992 888808807
Маълумоти муфассал дар бораи нархҳо ва хидматрасониҳо тавассути ин пайванд дастрас аст.
Меҳмонхонаи Firuz Plaza
Ин меҳмонхона дар шаҳри Гулистон ҷойгир аст. Бинои муосир бо утоқҳои бароҳат ва тарабхона. Интихоби утоқ зиёд аст.
Нархҳо (барои 1 шабонарӯз):
- Утоқи дунафарӣ ва якнафарӣ бо айвон ва манзара ба баҳр — 650 сомонӣ.
- Утоқ бо айвони калон ва манзара ба баҳр — 850 сомонӣ.
- Апартаментҳо бо хобгоҳи алоҳида, зали калон ва айвони васеъ — 1500 сомонӣ.
Ба нархҳои утоқҳо хӯроки субҳона, ҳавзи шиноварӣ, интернет ва ҷойи истироҳат дохил аст.
Телефон барои сабт: +992 928171111
Маълумоти бештар дар саҳифаи Instagram-и меҳмонхонаи Firuz Plaza дастрас аст.
Маҷмааи меҳмонхонавии Бонки миллии Тоҷикистон
Дар маҷмаа се бинои алоҳида вуҷуд доранд, ки хизматрасонии меҳмонхонаӣ пешниҳод мекунанд. Дар маҷмӯъ 60 утоқ бо дараҷаҳои гуногун (2-, 3-, 4-нафарӣ, нимлюкс ва люкс) пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон то 120 нафар метавонанд дар маҷмаа истиқомат кунанд.
Шароити иловагӣ: телевизиони моҳвораӣ, интернет, Wi-Fi, гармидиҳии марказӣ.
Меҳмонон метавонанд аз толори конфронс, синфхонаҳои таълимӣ, майдони теннис, майдони футбол ва саққобозӣ истифода баранд.
Нархҳо:
- Утоқи муқаррарии дунафарӣ — 260 сомонӣ (барои як нафар).
- Нимлюкс — 660 сомонӣ.
- Люкс — 830 сомонӣ.
Телефонҳо барои тамос: +992 446304592 / +992 929525555
Маълумоти муфассал дар бораи хизматрасониҳо ва нархҳо дар сомонаи расмии маҷмаа ҷой дода шудааст.


