Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири кабири Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метлан Пелен ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Фаронса шумори хизматчиёни низомии мустақар дар фурудгоҳи Душанберо, ки бо мақсади дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани техника барои амалиёти зидиитеррористӣ дар Афғонистон фаъолият доранд, зиёд намекунад. «Соли ҷорӣ шумори нерӯҳои низомии Фаронса дар Афғонистон афзун мегардад, вале фурудгоҳи Душанбе макони хизматрасонии техникӣ боқӣ мемонад, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, шояд дар Тоҷикистон шумори техникаи хизматрасон зиёд карда шавад, вале шумори хизматчиёни ҳарбӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд».
Дар шарҳи масъалаи татбиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминал дар фурудгоҳ, сафир зикр кард, ки феълан ҷузъиёти ахири оғози сохтмон мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки барои сохтмони иншооти мазкур Фаронса ният дорад, ба Тоҷикистон ба маблағи 18 млн. Евро бурс ҷудо намояд.