ЧОРАБИНИҲОИ 23 ИЮЛ
– Имрӯз президенти Муғулистон, Ухнаагийн Хурэлсух бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва сафари давлатӣ ба Душанбе меояд. Дар доираи сафари Ухнаагийн Хурэлсух мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳурони ду кишвар дар назар буда, интизор меравад, ки як қатор санадҳoи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.
– Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Хадамоти алоқа (соати 09:00), Комиссияи олии аттестатсионӣ (соати 10:00), Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (соати 11:00), Агентии авиатсияи гражданӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”, “Тоҷик Эйр” ва “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” (соати 11:00), Вазорати нақлиёт ва Корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” (соати 15:00), ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур (соати 09:00), ноҳияи Фирдавсӣ (соати 14:00), Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (соати 09:00).
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 ИЮЛ
Соли 2010 – Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон бо иттиҳоми ришвагирӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ боздошт шуд.
Соли 2012 – Дар шаҳри Хоруғ Нафасбек Дилшодов, додситони ноҳияи Рӯшони ВМКБ бар асари амали террористӣ ҷароҳати вазнин бардошт. Гуфта мешуд, ки автомашинаи ӯ тарконида шудааст.
Соли 2012 – Бори аввал давоми муддати тӯлонӣ дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” масдуд карда шуд. Дар ин замина раиси Хадамоти алоқаи кишвар ба расонаҳо гуфта буд, масдуд шудани сомонаи мазкур мушкили фаннӣ буд.
Соли 2017 – Гӯштингири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо дар Минск медали биринҷӣ ба даст овард.
Соли 2018 – Дар Тоҷикистон Шӯрои миллии суботи молиявӣ таъсис дода шуд.
Соли 2020 – Дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд, дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан таркиш ба амал омад ва 10 нафар зарар дид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1923 – Мавлуди Зулайхо Раҳимова, раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев.
Соли 1955 – Зодрӯзи Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Саймумин Ятимов 15 сол инҷониб раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буда, дар гузашта сафири Тоҷикистон дар бархе аз кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ будааст.
Ӯ зодаи ноҳияи Фархор буда, соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ӯ дар оғози фаъолияти кории худ ҳамчун корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон ифои вазифа карда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини Вазири амнияти Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007-2010 сафири Тоҷикистон дар бархе аз кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ буд.
Саймумин Ятимов моҳи майи соли 2010 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва моҳи сентябри ҳамон сол раиси ин ниҳод таъин гардид. Баъдан ду навбати дигар раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин гардида, то имрӯз дар ин мансаб аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии китҳо ва делфинҳо таҷлил мешавад. Ин сана аз соли 1986 таҷлил мешавад. Сарчашмаи он ба рӯйдоди муҳими 23-юми июли соли 1982 рабт мегирад. Маҳз дар ҳамин рӯз Комиссияи байналмилалии шикори китҳо дар бораи манъи шикори ин ҳайвони баҳрӣ қарор қабул кард.
Ин рӯз барои ҳифзи на танҳо китҳо, балки тамоми ширхӯрони уқёнусӣ, аз ҷумла делфинҳо бахшида шудааст. Шикор ва тиҷорати онҳо дар аксари кишварҳо мамнӯъ аст.
23-юми июли соли 1881 дар шаҳри Лиежи Белгия Федератсияи байналмилалии гимнастика, ки яке аз созмонҳои кӯҳантарин ва бонуфузи варзишии ҷаҳон аст, таъсис ёфт. Ин аввалин иттиҳоди байналмилалии варзишӣ буда, танҳо баъд аз 11 сол ташкилотҳои дигари варзишӣ, ба мисли Федератсияи қаиқронӣ таъсис ёфт ва танҳо соли 1894 Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт.
Федератсия ба муқаррар кардани меъёрҳои ҳунарнамоӣ ва баҳогузории гимнастика машғул аст. Имрӯз он 6 равияи асосиро фаро мегирад, аз ҷумла гимнастикаи варзишии мардона ва занона, гимнастикаи бадеӣ ва ғайра.
23-юми июли соли 1952 дар Миср табаддулоти низомӣ рух дод. Дар ин рӯз гурӯҳи “Афсарони озод” таҳти роҳбарии полковник Ҷамол Абдулносир шоҳи Миср – Фаруқ I-ро сарнагун намуданд. Ин табаддулоти низомӣ дар вокуниш ба норизоияти мардум аз фасод ва вобастагии кишвар ба давлатҳои ғарбӣ сурат гирифт.
Шоҳ Фаруқ маҷбур шуд, ки тахтро ба писари 7-моҳааш Аҳмад Фуод II вогузорад ва худ бо аҳли хонадон ба Итолиё фирор намояд. Ҳамаи дороиҳо ва қасрҳои шоҳ мусодира гардиданд.
Соли 1953 Миср расман ҷумҳурӣ эълон гардид. Баъд аз як сол, баҳори соли 1954 Ҷамол Абдулносир президенти кишвар интихоб гашт. Ӯ номи худро дар таърихи ҷаҳони араб ҳамчун яке аз шахсиятҳои калидии зидди империализм ва пуштибони истиқлолияти кишварҳои Ховари Миёна сабт кардааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 31+36º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 31+36º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 25+27º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 25+27º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.


