Геологҳо тавсия доданд, ки 68 хонавода ва як мактаб ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд

Геологҳои Тоҷикистон тавсия доданд, ки 68 хонавода ва як мактаб ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд. Роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар бораи ҷараёни амалисозии лоиҳаи “Хадамоти давлатии назорати ҷараёнҳои экзогении геологӣ” маълумот дод. Дар доираи лоиҳа нимаи аввали соли 2025 дар 347 маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла деҳаву […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Геологҳои Тоҷикистон тавсия доданд, ки 68 хонавода ва як мактаб ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд.

Роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар бораи ҷараёни амалисозии лоиҳаи “Хадамоти давлатии назорати ҷараёнҳои экзогении геологӣ” маълумот дод.

Дар доираи лоиҳа нимаи аввали соли 2025 дар 347 маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла деҳаву шаҳрак ва ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон таҳқиқоти муҳандисиву геологӣ гузаронида шудаанд.

“Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари ҷараёнҳои экзогенӣ аз қабили ярчу фурӯравии хок ва дигар зуҳуроти табиӣ зиндагӣ кардан хавфнок аст. Дар ин робита дар рафти таҳқиқот тавсия дода шуд, ки 68 хонавода ва як муассисаи таҳсилоти миёна ба ҷойи амну бехатар кӯчонида шаванд”, – зикр кард роҳбари Саридораи геология.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон чунин хавфу хатарҳо дар Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат ва Шаҳринав ошкор карда шудаанд. Масалан дар Душанбе ва Ҳисор – 39 хона, шаҳри Турсунзода – 25, Роғун – 17, Ваҳдат – 19 ва Шаҳринав – 9 хона дар минтақаҳои хавфу хатар қарор доранд.

Корҳои тибқи лоиҳа оид ба мушоҳидаи ҷараёнҳои экзогенӣ идома дошта, рӯйхати маҳаллаҳои аҳолинишине, ки ба хавфу хатарҳо осебпазиранд, зиёд мешавад. Ин тадбирҳо ба то ҳадди ақалл кам кардани хавфҳо барои ҳаёт ва солимии шаҳрвандон, инчунин фароҳам сохтани шароити бештар бехатар барои иқомат дар минтақаҳои имконпазири чунин хавфҳо равона шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.