Кадом корхонаҳо аз ҳама зиёдтар аз пардохти андоз қарздоранд?

То 1 июни соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарз аз андозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 975,8 млн сомонӣ ё худ ҳудуди 102 млн долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, бақияи қарзҳо аз пардохти андоз дар муқоиса бо аввали соли равон ба миқдори 235,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Қарздорони […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 июни соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарз аз андозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 975,8 млн сомонӣ ё худ ҳудуди 102 млн долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, бақияи қарзҳо аз пардохти андоз дар муқоиса бо аввали соли равон ба миқдори 235,6 млн сомонӣ зиёд шудааст.

Қарздорони аз ҳама зиёд аз пардохти андоз ташкилоту корхонаҳои зерин номбар шудаанд:

– ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» – 144,6 млн сомонӣ;

– ҶСК «НБО Роғун» – 58,6 млн сомонӣ;

– корхонаҳои зертобеъи Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди ҳукумати ҷумҳурӣ – 48,2 млн сомонӣ;

– ҶСП «Талко Голд» – 30,2 млн сомонӣ;

– КВД ««Хадамоти санитариву нақлиётии шаҳри Хуҷанд» – 30 млн сомонӣ;

– корхонаҳои зертобеъи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – 28,9 млн сомонӣ;

– кони «Ангишти Зиддӣ» – 19,3 млн сомонӣ;

– ҶСК «Ангишт» – 10,2 млн сомонӣ.

Дар бақияи умумии қарзҳо аз пардохти андоз ҳиссаи субъектҳои дар боло зикршуда 38%-ро ташкил медиҳад.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар бораи маҷбуран рӯёнидани андозҳо аз қарздорон ба маблағи 670,5 млн сомонӣ 9,1 ҳазор қарорҳо қабул шудааст. Аз ҳисоби ин қарорҳо, инчунин дигар қарорҳои дар соли 2024 қабулшуда, 791,3 млн сомонӣ ба буҷет ворид шудааст, ки 117,4 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба буҷети кишвар 12,7 млрд сомонӣ ворид шудааст, ки 13,7% зиёдтар нисбат ба нақшаи пешбинишуда аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.