Нархи миёнаи 1 метри мураббаъ хона дар Душанбе аз $800 боло рафтааст

Дар Душанбе нархи миёнаи як метри мураббаи хона аз 800 доллар (ҳудуди 7 ҳазору 595 сомонӣ) боло рафтааст. Дар ин бора имрӯз, 25-уми июл Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ин нисбат ба аввали соли ҷорӣ 250-300 доллар  (ҳудуди 2 ҳазору 370-2 ҳазору 840 сомонӣ) доллар гаронтартар […]

Asia-Plus

Дар Душанбе нархи миёнаи як метри мураббаи хона аз 800 доллар (ҳудуди 7 ҳазору 595 сомонӣ) боло рафтааст.

Дар ин бора имрӯз, 25-уми июл Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ин нисбат ба аввали соли ҷорӣ 250-300 доллар  (ҳудуди 2 ҳазору 370-2 ҳазору 840 сомонӣ) доллар гаронтартар аст.

Ин дар ҳолест, ки ӯ моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар Душанбе арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона 780 доллар (тақрибан 8500 сомонӣ) мебошад.

Се сол пеш Кумитаи як метри мураббаъ хонаро дар пойтахт 4 ҳазору 170 сомонӣ гуфта буд. Яъне давоми се соли охир арзиши хона дар Душанбе тақрибан ду баробар зиёд шудааст.

Ба қавли ӯ, имсол бо сабаби поёнравравии қурби доллар, нархи маҳсулоти сохтмонӣ арзон шуд, аммо қимати манзил боло рафт. Раиси Кумитаи сохтмон болоравии нархи манзилро ба талаботи бозор марбут донист.

Ӯ изҳор дошт, ки соҳибкорон дар гузоштани нарх озоданд, "вале инсоф ҳам даркор аст".

Тибқи омори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми сармоягузорӣ ба рушди асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 11 миллиарду 410 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 114,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 526,9 хазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Бояд гуфт, ки аксари аҳолӣ аз гаронии нархи хонаҳо дар кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе нигаронӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ҳарчанд шумораи сохтмони хонаҳо дар кишвар зиёд мешавад, вале сол аз сол нархи онҳо қимат мегардад. Аҳолӣ инчунин, аз сифати сохтмони хонаҳо низ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио