Дар ҷумҳурӣ 705 ва дар пойтахт 780 доллар. Нархи миёнаи як метри мураббаъ хона дар Тоҷикистон маълум шуд

  Арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 705 доллари амрикоӣ (тақрибан 7812 сомонӣ) – ро ташкил кардааст. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 705 доллари амрикоӣ (тақрибан 7812 сомонӣ) – ро ташкил кардааст. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шудааст, ки ин бо нишондоди ҳамин давраи соли 2023 тақрибан баробар аст.

“Вобаста ба ҷойгиршавии ин ё он иншоот нархҳо тағйир меёбанд”, – гуфт раиси Кумита.

Аммо ӯ нагуфт, ки арзиши хона нисбат ба соли гузашта чанд пул гарон шудааст.

 

 

Дар Душанбе арзиши хона қариб як баробар гарон шудааст

Низом Мирзозода дар нишасти ахири худ гуфт, ки дар Душанбе арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона 780 доллар (тақрибан 8643 сомонӣ) мебошад.

Се сол пеш ин ниҳод арзиши як метри мураббаъ хонаро дар пойтахт 4 ҳазору 170 сомонӣ гуфта буд.

Яъне давоми се соли охир арзиши хона дар Душанбе таҷрибан як баробар зиёд шудааст.

Барои мисол:

– дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт арзиши 1 метри мураббаъ дар биноҳои аз 7-ошёна боло 750 доллар (тақрибан 8310 сомонӣ)  ва аз он поён 650 доллар (тақрибан 7202 сомонӣ)  аст.

– дар ноҳияи Иисмоили Сомонии пойтахт боз ҳам гаронтар будааст. Арзиши 1 метри мураббаъ хона дар ин ноҳия ба ҳисоби миёна 850 доллар (тақрибан 9418 сомонӣ) аст. 

“Иншоотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, бо назардошти шароити хуби зиндагӣ тарҳрезӣ шуда, пешкаши сокинон мешаванд. Имконияти харидории шаҳрвандон низ васеъ шудааст, аз ин рӯ соҳибкорон низ аз ин истифода бурда, баъзан нархҳоро ба таври худашон мегузоранд”, – гуфт Низом Мирзозода.

Ба ақидаи раиси Кумита, дар дигар кишварҳо низ арзиши хона баланд аст. Масалан, арзиши як метри мураббаъ хона дар Ӯзбекистон 775 доллар, дар Озарбойҷон 1141 доллар, Қирғизистон аз 635 то 700 доллар, дар Қазоқистон 998 доллар, дар Молдова 912 доллар, дар Белорус 1544 доллар ва дар Русия аз ҳама гарон – 4042 доллар будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.