Миёни Душанбе ва Дубай парвозҳои ҳаррӯза ба роҳ монда мешаванд

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии “FlyDubai” дар хатсайри Дубай-Душанбе-Дубай парвозҳои ҳаррӯзаро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии кишвар иттилоъ медиҳад. “Ба ширкати ҳавопаймоии “FlyDubai”, ки дар самтҳои Дубай-Душанбе-Дубай ҳамчун интиқолдиҳандаи мунтазами мусофирон таъин гардида, парвозҳои худро дар як ҳафта 3 маротиба амалӣ менамояд, шурӯъ аз 3 сентябри соли 2025 теъдоди парвозҳои ширкати […]

Asia-Plus

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии “FlyDubai” дар хатсайри Дубай-Душанбе-Дубай парвозҳои ҳаррӯзаро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии кишвар иттилоъ медиҳад.

“Ба ширкати ҳавопаймоии “FlyDubai”, ки дар самтҳои Дубай-Душанбе-Дубай ҳамчун интиқолдиҳандаи мунтазами мусофирон таъин гардида, парвозҳои худро дар як ҳафта 3 маротиба амалӣ менамояд, шурӯъ аз 3 сентябри соли 2025 теъдоди парвозҳои ширкати мазкур бо зичии 7 парвоз тасдиқ карда шуд, яъне парвозҳо дар ин самт ҳамарӯза  амалӣ мегарданд”, – омадааст дар хабари оҷонсӣ.

Дар иттилои оҷонсӣ таъкид мешавад, ки васеъ намудани ҷуғрофия ва афзудани шумори парвозҳои  ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ ба рафтуомади осони шаҳрвандони ватанию хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби  Оҷонсӣ ба ширкати ҳавопаймоии “FlyDubai” дастур дода шудааст, ки  хизматрасонии чиптаро  бо нархҳои дастрас ба мусофирон пешниҳод намояд.

Ёдрас мекунем, ки дар нишасти матбуотии Оҷонсии ҳавонавардӣ рӯзи 24 июл доир ба масъалаи роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати поин бурдани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ саволҳо дода шуданд. Он замон мудири оҷонсӣ Ҳабибулло Назарзода изҳор дошт, ки  моҳҳои наздик аз ҳисоби пешниҳоди 40% тахфиф ба хидматрасонии рӯизаминӣ ва аэронавигатсия барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, билетҳои ҳавопаймо арзон карда мешаванд.

Чанде пеш дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор шуда, дар доираи кори он Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни ду давлат ба имзо расонида шуд.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар дода буд, Созишнома барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии авиатсияи гражданӣ, интиқоли мол ва мусофирон тавассути алоқаи ҳавоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки тавассути АМА парвозҳоро ба дигар давлатҳои дуру наздик ба роҳ монда, ҷуғрофияи парвозҳо васеъ карда шаванд.

Дар чаҳорчӯби кори форум мулоқоти Ҳабибулло Назарзода бо вазири иқтисод ва сайёҳӣ, раиси Мақомоти федералии оҷонсии ҳавонавардии АМА Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ доир гардид. Ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Шарҷа ва Душанбе-Абузабиро баррасӣ намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.