Тафтишот шахсияти роҳбарони созмони террористӣ, ки гӯё аъзоёни он ба толори консертии “Крокус Сити Холл” ҳамла карданд, муайян намудааст. Тавре ки аз маводи парванда бармеояд, инҳо А.И.Беков ва А.М.Ҳикматов мебошанд. Шаҳрвандӣ кадом кишвар будани онҳо зикр нашудааст. Дар бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
Манбаъ менаависад, ки аз 1-уми июни соли 2023 то 5-уми марти соли 2024 онҳо "иштирокчиёни гурӯҳи террористӣ"-ро ба содир намудани амалҳои террористӣ дар Маскав ва Каспийск (пешгирӣ карда шуд) омода мекардаанд.
"Онҳо пайравони афкори террористиро ба созмони мамнӯъи “Вилояти Хуросон” (шохаи афғонистонии “Давлати исломӣ”*) ҷалб кардаанд", гуфта мешавда дар парванда.
Дар он зикр мешавад, ки созмони террористии таъсисёфта аз ҷониби Беков ва Ҳикматов аз якчанд шохаҳои сохторӣ бо ҳадафи содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба хотири бесубот кардани вазъият дар Русия созмон дода шудааст.
Дар маводи парванда шахсони номаълум бо лақабҳои Сайфулло, Ахӣ, Талхӣ ва Абӯмискин низ аз ҷумлаи роҳбарон номбар мешаванд.
Ба таъкиди манбаъ, аъзоёни гурӯҳи “Вилояти Хуросон”, аз ҷумла гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Холл” дар Туркия таълим гирифта, тариқи "Telegram" ва форумҳо дар интернет, ки миёни шахсони дорои афкори тундгаро маъруф буданд, ҷалб шудаанд.
“Барои ҳамоҳангсозии фаъолият байни аъзоёни “Вилояти Хуросон” ва роҳбарони он, таъмини онҳо бо манзил дар қаламрави Туркия бо мақсади анҷом додани фаъолияти террористӣ, созмондиҳандагони ҷиноят аз 1-уми июни соли 2023 сол то 22-юми марти соли 2024 М.З.Файзовро сарвар таъин мекунанд. Файзов дар қаламрави Туркия вазифаи занҷираи алоқаи байни шахсони зикпршударо дар қаламрави Покистон ва Афғонистон иҷро мекардааст”, – гуфта мешавад дар маводи парванда.
Зикр мегардад, ки аз 1-уми июни соли 2023 то 22-юми марти соли 2024 гумонбарони ҳамла ба “Крокус” – Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов дар қаламрави Туркия аз давраи таълиму омӯзиш гузаштаанд. Ба таъкиди манбаъ, дар он ҷо "онҳо тарзи рафтору муносибат бо силоҳи оташфишонро омӯхтаанд".
Ҳамчунин, мақомоти тафтишот муайян кардаанд, ки Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода пеш аз ҳамла маводи нашъаовар истеъмол кардаанд, ки тарсашонро гум кунанд. Тафтишот маълум кардааст, ки дар хуни онҳо мефедрон ошкор шудааст. Танҳо хуни Фаридуни Шамсиддин тоза будааст.
Тасдиқи ин гуфтаҳои тавассути манобеи дигар ғайрииимкон аст, чунки мақомоти Русия тафтиши ин парвандаро ба таври махфӣ пеш мебаранд ва ба рӯзноманигорон ва манбаъҳои алтернавтивӣ иҷозат намедиҳанд, ки дар додгоҳ ё раванди тафтишот шират кунанд.
Манбаъ навиштааст, ки гумонбарони ҳамла силоҳро аз Доғистон гирифтаанд ва онро аз Қафқози Шимолӣ бо мошини дорои пинҳонгоҳ овардаан
"Дар вақти ҳамла онҳо бо 3 автомати "Калашников" ва 59 тирдон бо 1381 дона тир, таппончаи "Макаров", 4 корди хоҷагӣ ва 5 шишаи дорои бензини автомашина мусаллаҳ будаанд", – гуфта мешавад дар маводи парванда.
Дар он ҳамчунин, зикр шудааст, ки пас аз ҳамла гумонбарон аз роҳбарони худ 135 ҳазор рубл пул гирифтаанд, ки ба корти бонкии Фаридуни Шамсиддин "барои тарк кардани қаламрави Русия гузаронида шудааст".
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 август мурофиа додгоҳии парванда нисбат ба 19 нафар иштирокчиёни амали террористӣ оғоз мегардад.
Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” яке аз ҳамлаҳои бузург дар Русия буд, ки дар пайванд ба он даҳҳо кас, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт шуданд. Аз ҷумла, Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия қаблан эълом карда буд, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.
Чаҳор нафари гумонбарони асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамчун иҷрокунандаи асосии он гуфта мешаванд. Вале шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад.


