Дар шаҳри Турсунзода як сокини 32-солаи ноҳияи Рашт ба гумони ғорати хазина (касса)-и фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ боздошт шуд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, як зани 39-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки соати тахминан 16:00 рӯзи 30 май як шахси номаълум ба бинои хазина ворид шуда, бо калиди оҳанин ӯро лату кӯб ва пулҳоро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Гуфта мешавад, маблағи дуздидаи ӯ 12 ҳазору 620 сомонӣ (зиёда аз 1 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.
Аз боздоштшуда ном бурда нашудааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми се моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ коҳиши сабти шумори ҳодисаҳои дуздӣ ба қайд гирифта мешавад. Моҳҳои январ-март шумори ин гуна ҷиноятҳо 1683 ададро ташкил додааст, ки 281 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.