Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 августи соли 2025

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 АВГУСТ

Соли 2002 – Хатсайри ҳавоии Душанбе-Теҳрон кушода шуд.

Соли 2007 – Радиои “Имрӯз” ба пахши барномаҳо оғоз кард.

Соли 2022 – Дар шаҳри Бӯстон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1945 – Зодрӯзи Валерий Аҳадов, коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик.

Валерий Аҳадов яке аз чеҳраҳои шинохта дар олами синамо буда, дар офаридани чанд филми тоҷикӣ ба ҳайси коргардон ва фимлноманавис саҳм гузоштааст.

Ӯ хатмкардаи Институти давлатии умумиттифоқии кинематографистони шаҳри Маскав буда, соли 1970 ба “Тоҷикфилм” омадааст.

Ӯ як муддат дар ин муассиса коргардон буд ва баъдан саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский таъин гардид. Соли 1991 ба Русия кӯч баст.

Валерий Аҳадов дар театрҳои Тоҷикистон чанд намоиш ба саҳна гузоштааст. “Қуллаи Фудзияма” яке аз ин намоишҳо аст.

Ӯ дар филмҳои “Арӯсу домод”, “Хатти парвоз” нақши асосиро бозида, дар офаридани филмҳои “Алла”, “Манзараҳои Афғонистон”, “Деҳаи дӯстӣ” ба ҳайси коргардон ва муаллиф иштирок намудааст.

Соли 1949 – Мавлуди Юнус Юсупов, ҳунарпеша ва коргардони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Юнус Юсупов, ки дар саҳнаи ҳунари тоҷик ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон нақши бориз дорад, беш аз 50 нақш офарида, як қатор филмҳоро рӯйи саҳна овардааст.

Ӯ хатмкардаи техникуми политехникии шаҳри Душанберо бо ихтисоси техник-механик буда, баъдан дар Институти умумииттифоқии давлатии киноматографияи шаҳри Маскав таҳсил намудааст.

Фаъолияти Юнус Юсупов чун коргардон ва ҳунарпеша аз соли 1977 оғоз ёфтааст. Ӯ дар умум дар 23 филми бадеию телевизионӣ нақш офарида, худ дар сабти 21 филми телевезионию бадеӣ ҳамчун коргардон нақш доштааст.

Ӯ дар филмои “Ҷинояткор ва адвокат”, “Зистан мехоҳам”, “Вохўрии охирин”, “Одами барфӣ”, “Муҳаббат ва ғазаб”, “Захираи тиллоӣ”, “Гаравгон” нақш офаридааст.

Машҳуртарини онҳо филми “Гаравгон” аст, ки соли 1983 сабт гардида, ба беш аз 50 кишвари дунё фурӯхта шудааст.

Яке аз филми арзишмантарине, ки ӯ солҳои охир сабт кардааст, ин филми “Марги бегуноҳ” аз рӯи асари Кароматулло Мирзо аст. Ин филм аз воқеаҳои ҷанги шаҳрванди қисса мекунад. Ӯ аз сӯи тамошобинон хуб қабул гардид.

Соли 2010 – Камол Айнӣ, ховаршинос ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 82 даргузашт.

Камол Айнӣ, фарзанди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик буда, факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Фаъолияташро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Акадмияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ оғоз намуда, баъдан дар бахшу институтҳои дигари Академияи илмҳо фаъолият дошт.

Ӯ муддате директори ганҷинаҳои дастхатҳои Шарқ ба номи академик А. Мирзоев, муовини раиси ҷамъияти “Пайванд” ва солҳои 2002-2010 раиси доимии Бунёди байналмилалии С.Айнӣ буд.

Камол Айнӣ 9 августи соли 2010 дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2006 –  Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар синни 59 аз олам чашм баст.

Ӯ муассис ва раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) ва раиси Комиссияи оштии миллӣ буд.

Нақши Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барҷаста гуфта мешавад. Маҳз ӯ ин санади тақдирсозро, ки ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима дод, аз сӯи Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон, ки роҳбари он буд, имзо кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

9-уми август Рӯзи ҷаҳонии дӯстдорони китоб аст. Ин ҷашн бори аввал дар Амрико ҳамчун Рӯзи миллии дӯстдорони китоб ҷорӣ шуд ва чанде пас дар кишварҳои дигар низ мавқеъ пайдо кард.

Онро нависандагону шоирон, адабиётшиносон, нашриётҳо, китобхонаҳо, китобфурӯшон ва беш аз ҳама, дӯстдорони китоб таҷлил мекунанд.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии халқҳои бумии ҷаҳон таҷлил мешавад. Ин ҷашн бо ташаббуси Маҷмаи Умумии СММ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба фарҳанги ғанӣ ва саҳми арзандаи халқҳои бумӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.

Ҳадафи дигари ин рӯз таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷиддиест, ки ин халқҳо рӯ ба рӯянд, аз ҷумла, сатҳи баланди фақр, бемориҳо, маҳрумият аз ҳуқуқҳои асосии инсон, табъиз ва аз даст додани моликият.

Гарчанде халқҳои бумӣ танҳо 5 фисади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, аммо 15 дарсади аҳолии фақири сайёраро ин халқият ташкил мекунанд.

9-уми августи соли 1859 Натан Эймс, ихтироъкори амрикоӣ нахустин патентро барои дастгоҳи зинапояи худкор (эскалатор), ки “зинапояи даврзананда” номида шуд, дарёфт кард. Бо вуҷуди ин, идеяи ӯ дар амал татбиқ нагардид ва ягон намунаи корӣ сохта нашуд.

Танҳо баъд аз 33 сол, Ҷесс Рено ном амрикоии дигар барои модели мукаммалтари он патент гирифт. Соли 1884 дастгоҳи ӯ ҳамчун “аттраксион” дар яке аз боғҳои Ню-Йорк насб шуд. Он бештар матои резинӣ буд, ки дар нишебии 25 дараҷа ҳаракат мекард.

Зинаҳои худкори намуди муосирро Ҷорҷ Уилер ихтироъ кард. Патенти ӯро Чарлз Зеебергер харид ва баъдан дар ширкати Otis кор гирифт, ки маҳз он ҷо аввалин эскалатори муосир сохта шуд.

Аз он вақт, эскалаторҳо дар саросари ҷаҳон маъмул гаштанд ва соли 1911 дар метрои Лондон истифода шуд

9-уми август Рӯзи ҷаҳонии “бӯсаи ҳавоӣ” таҷлил мешавад. Ин ҷашн аз расму анъанаҳои қадимӣ сарчашма мегирад. Вақте одамон дуо мекарданд, кафи худро сӯйи осмон карда, дуоҳои худро ба осмон мефиристоданд, то рӯҳҳо онҳоро бишнаванд. Бо мурури замон, ин амал ба шакли фиристодани “бӯсаи ҳавоӣ” табдил ёфт.

Як ривояти дигаре дар робита ба пайдоиши бӯсаи ҳавоӣ маълум аст, ки  ба асрҳои миёна бармегардад. Вақте ки “вабои сиёҳ” паҳн шуда буд, аз хатари сироят, одамон аз тамоси мустақим худдорӣ мекарданд ва ҳангоми дидор ба ҳам бӯсаҳои ҳавоӣ мефиристоданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.