Тоҷикистон интиқоли маҳсулоти дӯзандагӣ ва риштаро ба хориҷа кам кард

Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноати сабук аз Тоҷикистон 100 млн долларро ташкил дод, ки 61,2 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Коҳиш ба чанд маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли нахи пахта ва ришта (калоба) дахл кард. Ҳамчунин воридоти маҳсулоти дӯзандагӣ то 15,9 млн доллар (–18,7%) кам шуд. Соли […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноати сабук аз Тоҷикистон 100 млн долларро ташкил дод, ки 61,2 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Коҳиш ба чанд маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли нахи пахта ва ришта (калоба) дахл кард.

Ҳамчунин воридоти маҳсулоти дӯзандагӣ то 15,9 млн доллар (–18,7%) кам шуд. Соли гузашта дар ин давра ба маблағи 19,6 млн доллар маснуот ворид шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, аз моҳи январ то июни соли 2025 дар корхонаҳои саноати сабук (бидуни назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ) ба маблағи 1 млрд 729,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 24,5 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Суръати рушд 8,4%-ро ташкил дод. Дар ин соҳа 32 корхонаи нав ба қайд гирифта шуда, 173 нафар дар онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин шуданд.

Суръати бештари рушд дар самтҳои зерин ба қайд гирифта шуданд:

– истеҳсоли матоъи пахтаву коғазӣ 4,2% афзуда, 14,5 млн метри мураббаъро ташкил дод;

– истеҳсоли сарулибоси мактабӣ 5,1% афзуда, то 1,3 млн адад расид;

– истеҳсоли қолинҳо 3,6% (3,7 млн метри мураббаъ)

– коркарди пӯст – 13,3% (зиёда аз 330 ҳазор дона).

Содироти маҳсулоти дӯзандагӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Беларус 1331 тонна ба маблағи 15,9 млн долларро ташкил дод. Сарфи назар аз коҳиши ҳаҷм дар муқоиса бо соли гузашта (соли 2024 – 1604 тонна), дар ифодаи пулӣ содирот ба миқдори 2,8 млн доллар зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар як қатор мавқеъҳо коҳиш ба қайд гирифта шуд. Истеҳсоли нахи пахта ва риштта кам шуд – 10,97 ҳазор тонна нахи пахта, 9 ҳазораш аз он – ришта.

Сабабҳояш коҳиши талабот дар хориҷа ва рақобатпазирии сусти маҳсулоти ватанӣ унвон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.