Рӯзи 23-юми август дар Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии “Блогер”, ки дар киностудияи “Довфилм” таҳия шудааст, баргузор мегардад. Дар ин бора аз “Довфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, филм дар коргардонии Зариф Зарипов бо продюсерии Муҳиддини Музаффар ва Амир Турсунов омода шудааст.
Нахустнамоиши он соати 18:00 дар Кохи Суруш пешбинӣ гардидааст.
Вуруд тариқи даъватнома ё билет аст. Ҳаводорони филм барои дастрас кардани билет метавонанд ба рақамҳои 55 911 11 44 тамос гиранд.
“Филми ҳунарии “Блогер” идомаи силсилафилмҳои “Экран” мебошад. Он таассуроти дурӯғ аз олами маҷозиро, ки гӯё блогерҳо осон пул кор карда, шоҳона зиндагӣ доранд, мазаммат мекунад. Дар филм дунёи воқеии як тан, ки талош дорад блогер шавед, нишон дода шудааст, ки бинандаро ба фикр водор мекунад”, – гуфтанд аз “Довфилм”.
Мақсади асосии филм намоиши рӯзгори ҳолу ҳавои як ҷавони хомхаёл аст, ки фирефтаи афсонаҳои пули осони дастрас дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, касбу кори воқеии худро аз даст медиҳад.
Филми мазкур бо ҳунарофарии ҳунармандони хушноми кишвар, ба монанди Қурбон Собир, Лутфулло Давлатзода, Некқадам Шоҳназаров, Амина Ҳафизова, Парвиз Ашӯров ва Сулаймон Табаров сабт гардидааст.
Дар як порчаи филми “Блогер" блогерони тоҷик ҳам нақш бозидаанд. Дар нахустнамоиши филм интизор меравад, ки блогерон ҳам ширкат кунанд.
Ин филм моҳҳои ноябр – декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба навор бардошта шудааст.
Пас аз нахустнамоиш, сар аз 24-уми август филми ҳунарии “Блогер” ҳамарӯза дар кинотеатрҳои Кайҳон (Душанбе-Молл, маркази савдои “Ашан”) ва “Премйер Зал” (Сиёма-Молл) манзури тамошобинон мегардад. Барои дастрас кардани билет дар кинотеатрҳо мухлисони филм метавонанд ба рақамҳои 55 911 11 44 тамос бигиранд.


