Абдураҳмон Қодирзода шахсияти барҷаста дар илми иқтисоди тоҷик, нахустин доктори улуми иқтисод дар соҳаи усулҳои математикӣ дар Суғд ва яке аз поягузорони мактаби муосири таҳқиқоти иқтисодӣ дар минтақа маҳсуб меёбад. Фаъолияти омӯзгорӣ, роҳбарӣ ва илмии ӯ беш аз панҷ даҳсола на танҳо дар рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, балки дар ташаккули заминаи технологӣ ва иқтисодии Суғд нақши муассир гузоштааст.
Қодирзода бо беш аз 200 асару дастурҳои илмӣ, даҳҳо шогирдони соҳибунвон ва лоиҳаҳои амалии татбиқшуда номи худро дар таърихи илми иқтисод ва маорифи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт кардааст. Имсол ин олими варзидаи кишвар ба синни 70 қадам ниҳод. Дар ин матлаб пиромуни рӯзгор ва фаъолияти ӯ қисса мекунем.
Таҳсил ва ибтидои фаъолияти касбӣ
Абдураҳмон Қодирзода 25-уми июли соли 1955 дар шаҳри Хуҷанд зода шуда, соли 1972 мактаби №5-ро дар ин шаҳр хатм намуд. Мавсуф фориғуттаҳсили Институти радиоэлектроникии шаҳри Харкови Украина буда, ба далели таҳсили комёб ва дифоъи муваффақонаи рисолаи илмӣ барои кор ба Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодӣ ва усулҳои иқтисодию риёзии назди Госплани ҶСШ Тоҷикистон роҳхат гирифт.
Муҳаққиқи ҷавон дар институти мазкур ба сифати муҳандиси калони шуъбаи системаи автоматишудаи идоракунии ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз кард ва коркарди яке аз лоиҳаҳои муҳим – беҳтарсозии шабакаҳои марказҳои ҳисоббарории Тоҷикистон ба ӯ вогузор шуд. Дар зарфи ду сол муҳаққиқ тарҳи иқтисодӣ ва математикии беҳтарсозии миқдори марказҳои ҳисоббарориро бо назардошти харҷи камтарин коркард ва пешниҳод кард, ки он дар амал низ татбиқ гардид.
Қодирзода соли 1979 ба бахши Институти давлатии лоиҳавӣ-технологии Кумитаи марказии омори Иттифоқи Шуравӣ дар Душанбе ба кор даъват шуд ва ба ӯ манзили истиқоматӣ ва музди сазовор низ пешниҳод гардид. Ӯ дар ин институт роҳбари лоиҳаи эҷоди системаҳои ҳисоббарории параллелӣ ва системаҳои оператсионии тақсимшуда таъин гардид ва фаъолияташ назаррас буд.
Роҳи минбаъдаи ӯ боз ба таҳсил пайваст ва соли 1982 ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва информатикаи Маскав дохил шуда, соли 1985 онро хатм намуд. Овони таҳсил дар ин донишгоҳ низ тавонист ба муваффақияти назаррас ноил гардад. Маҳз дар ин донишгоҳ баъди нашри мақолае пиромуни тарҳи иқтисодӣ-математикӣ барои таснифи бисёрченака аз Институти тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашии меҳнат дар сохтмони Вазорати сохтмони Иттиҳоди Шуравӣ дархост ворид шуд. Ин институт мехост байни донишгоҳ ва институт шартнома баста шуда, ин тарҳ истифода шавад. Баъди имзои шартнома Қодирзода ҳамчун ходими хурди илмӣ дар донишгоҳ ба коркарди лоиҳа шурӯъ кард.
Муҳим ин аст, ки вақте муҳаққиқ пас аз хатми аспирантура ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омад, шартномаи мазкур бо ин донишгоҳ баста шуд.
Фаъолияти омӯзгорӣ
Қодирзода солҳо дар макотиби олии Тоҷикистон дарс гуфта, барои тарбияи насли ҷавон саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон ӯ дар вазифаҳои баланди роҳбарикунанда дар ин самт фаъолияти босамар дошт ва махсусан, дар Суғд барои рушди соҳа талоши зиёд кардааст. Ӯ барои бунёди пойгоҳи илмӣ шароит фароҳам овард ва нахустин доктори улуми иқтисодии усулҳои математикӣ дар Суғд буд.
Фаъолияти омӯзгории Қодирзода соли 1986 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз шуда, баъди таъсиси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) аз соли 1987 то 1993 дар ин боргоҳи илм фаъолият дошт ва аз муаллими калон то декани факултети менеҷмент ва баҳисобгирӣ кор кард.
Ӯ дар ин марҳила низ фаъолияти илмии чашмрас дошт ва чанд китоби дарсиву дастурҳои таълимӣ таълиф намуд.
Роҳбарӣ дар макотиби олии Суғд ва бунёди пойгоҳҳои илмӣ
Фаъолияти Қодирзода дар Суғд аз соли 1993 оғоз гардид ва директори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд таъин шуд.
Бинои ин донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд, ки соли аввали таъсис ва фаъолияташ буд, бо назардошти бисёр омилҳо ба раванди таълим ҷавобгӯ набуд ва аллакай зимистони соли аввал камбудҳо ошкор гардиданд.
Бо талошҳои Қодирзода бидуни таваққуф дар таълим бахши хуҷандии донишгоҳ ба бинои нав, ки имрӯз бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон аст, ҷойгир карда шуд. Баъдтар дар асоси ин бахш, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон таъсис дода шуд ва соли 1994 аввалин донишҷӯёнро қабул кард. Қодирзода ноиби ректори ин донишгоҳ таъин гардид ва бо назардошти фаъолияти ӯ дар ин боргоҳи илм метавон ӯро аз заминагузорони ин донишгоҳ ном бурд.
Соли 1996 муҳаққиқи тоҷик ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омад ва ноиби ректор дар бахши иқтисодию иҷтимоӣ таъин гардид. Он солҳо, ки марҳилаи сангине дар вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар дониста мешуд ва аксарият наметавонистанд музди худро пурра ва саривақт гиранд, Қодирзода ҷадвали пардохти музди маош аз суратҳисоби махсус таҳия карда, барои пардохти саривақтии кормандон шароит фароҳам овард.
Мавсуф баъдтар декани факултети ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқии ДДХ таъин шуда, ҳамзамон вазифаи ноиби ректори донишгоҳи мазкур буд ва соли 1999 мушовири ректор таъйин шуд.
Дар ин миён дар докторантураи Донишгоҳи давлатии информатика, иқтисод ва омори Маскав таҳсил намуд ва соли 2000, баъди баргашт, ҳамчун директори Институти менеҷмент ва технологияи компютерии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият пардохт.
Гуфта мешавад, ки таъсиси ин марказ дар назди донишгоҳ бо ибтикори Қодирзода сурат гирифта, саҳми ӯ барои пешрафти пойгоҳи илми муосири технологияи компютерӣ ва иқтисоди бозаргонӣ бесобиқа аст. Имрӯз аксар олимони соҳаи иқтисоди Суғд дар ин институт фаъолият мекунанд.
Қодирзода дар давраи роҳбариаш дар институти мазкур курсҳои такмили ихтисос ташкил намуда, бо Донишгоҳи давлатии иқтисод ва омори шаҳри Маскав шартнома ба имзо расонид ва тақрибан 200 муҳаққиқи соҳаи иқтисод дар ин курсҳо таълим гирифтанд.
Иқдоми навоварона
Аввали асри нав дар марҳилаи оммавишавии истифодаи компютер, ки ҳамасола даҳҳо довталаб барои ин ихтисос ҳуҷҷат месупориданд, тақозо мекард, ки сараввал мутахассисон дар ин соҳа бештар омода карда шаванд. Дар соҳаи иқтисод низ истифодаи технологияи иттилоотӣ ва дастгоҳи муосир ҷорӣ мегардид, аз ин рӯ барои омӯзиш додани мутахассисон дар ин соҳа Институт бо Донишгоҳи радиоэлектроникаи миллии Украина шартнома баст ва мутахассисон барои бозомӯзӣ фиристода мешуданд.
Соли 2007 дар Донишгоҳ факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таъсис ёфта, Қодирзода декани факултети навтаъсис таъин гардид. Аз соли 2010 дар вазифаи муовини ректори ДДХ оид ба корҳои илмӣ ба кор оғоз кард ва фаъолияти ӯ дар ин давра низ назаррас буд. Аз ҷумла, бо ибтикори ӯ шурои дифои рисолаҳои номзади илмҳои иқтисодӣ таъсис ёфт ва марказҳои дигари илмиву тадқиқотӣ дар донишгоҳ бунёд гардиданд.
Дар ин давра соҳа рушди бесобиқа дошт, аз ҷумла шумораи олимони ҷавон афзун мешуд, маводи зиёди илмӣ дар ин бахш таълиф мешуданд, маҷаллаи илмии донишгоҳ расман ба қайд гирифта шуд ва инчунин пойгоҳи биологии кишоварзӣ дар донишгоҳ барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ омода шуд.
Номбурда қариб даҳ сол, аз соли 2012 то соли 2021 декани факултети молия ва иқтисоди бозори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Дар замони роҳбарии ӯ дар ин факулта се ихтисоси нав таъсис ёфта, пойгоҳи техникии факулта низ ғанӣ гардид. Ӯ ҳамчунин даҳҳо шогирд омода намуда, барои дифоъи рисолаҳои илмиашон роҳбарӣ кардааст.
Фаъолияти илмии Қодирзода
Қодирзода Абдураҳмон нахустин доктори илми иқтисодӣ дар соҳаи усулҳои математикӣ дар иқтисод дар вилояти Суғд дониста мешавад. Ӯ муаллифи беш аз 200 асари илмӣ ва методӣ-таълимӣ буда, қариб 30 монография, китоби дарсӣ ва як қатор дастурҳои таълимӣ таълиф кардааст. Дар нигоштаҳои ӯ муҳимтарин масоили иқтисоди муосир, аз ҷумла, асосҳои соҳибкорӣ ва маркетинг, фаъолияти тиҷоратӣ, моделсозии равандҳои тарҳрезии ташкилотӣ, пешгӯии иқтисодии қурби асъор, ташкили системаи таълими фосилавӣ ва дигар масоили марбут ба иҷқтисод аз нигоҳи илмӣ баррасӣ шудаанд.


