Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 19 АВГУСТ

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 АВГУСТ

Соли 1994 – Дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар (Қӯрғонтеппа) ва Хуҷанд литсей–интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ таъсис ёфтанд. Баъдан онҳо бо қарори ҳукумати кишвар тағйири шакли идорӣ карданд ва амалан ҳамчун мактабҳои туркӣ барҳам дода шуданд.

Соли 2010 – Дар Душанбе нахустин шуъбаи милиса барои қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2016 – Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимии Рио-де Жанейро дар Бразилия медали тилло ба даст овард. Ӯ гурзро ба масофаи 78,68 метр партофт.

Соли 2017 – Дар шаҳри Душанбе “Ҳафтаи  китоби Ҳиндустон” оғоз гардид.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ВМКБ рафт. Дар роҳи сафар ба Дарвоз бо шаҳрвандони Афғонистон, ки дар он сӯи марз ҷамъ омада буданд, суҳбат кард ва онҳо аз президент барои ҳалли мушкилоти худ кумак хостанд.

Соли 2020 – Ба қонун “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид шуд, ки мувофиқи он, кормандони Бонки миллӣ ба пешниҳоди маълумот дар бораи сарчашмаи даромадҳои иловагии худ уҳдадор шуданд. Инчунин дар Бонки миллӣ якҷоя кор кардани шахсони хешу ақрабои наздик ба ҳамдигар манъ шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1909 – Мавлуди Рафаил Перелштейн, коргардони синамои тоҷик, коргардони филми “Ман бо духтаре вохӯрдам”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рафаил Перелштейн

Рафаил Перелштейн яке аз шахсиятҳои таъсиргузор дар ташаккули синамои тоҷик аст. Ӯ коргардони аввалин филми рангаи мусиқӣ-мазҳакавии “Ман бо духтаре вохӯрдам” буда, филми “Одам пӯсташро иваз мекунад”-ро низ рӯйи саҳна овардааст.

Номбурда аз соли 1956 то 1962 дар “Тоҷикфилм” фаъолият карда, чандин филми бадеии таҳиякардааш соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Ӯ 9-уми марти соли 1978 дар синни 68 аз оалм чашм баст.

Соли 1946 – Мавлуди Ҳабибулло Абдуллоев, физикдон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Соли 1954 – Мавлуди Саидалӣ Гулов, доктори илмҳои биология, профессор.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидалӣ Гулов

Саидалӣ Гулов фориғуттаҳсили факултаи табиатшиносию ҷуғрофияи Институти давлатии педагогии Душанбе буда, фаъолияти худро ҳамчун ходими илмии Институти физиология ва биофизикаи рустании Академияи илмҳо оғоз кардааст. Ӯ баъдтар ҳамчун муовини декани факултаи боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ фаъолит карда, як муддат мудири кафедраи меваю сабзавот ва токдорӣ буд. Соли 1997 декани факултаи агробизнес таъин шуда, то соли 2002 дар ин мансаб кор кард.

Номбурда 7 сол, аз соли 2002 то соли 2009 ноиби ректор оид ба таълим ва аз соли 2012 декани факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур буд.

Фаъолияти илмии Саидалӣ Гулов низ босамар буда, зиёда аз 170 таълифи илмӣ дорад.

Соли 1961 – Зодрӯзи Муборакшо Мирзошоев, навозанда, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Муборакшо Мирзошоев, ки яке аз ҳунармандони мардумии тоҷик аст, нахустин сурудашро дар 14-солагӣ сароид, ки “Чор ҷавон” ном дошт ва дар оянда яке аз сурудҳои шинохташуда ва маъруф дар Тоҷикистон гардид.

Ӯ солҳои 1984-1987 донишҷӯи Омӯзишгоҳи ҳавопаймоиву халабонии Ленинград буд, аммо ба далели муҳаббаташ ба ҳунар донишомӯзиро канор гузошт ва дил ба дарёи мусиқӣ зад.

Ҳунарнамоии Муборакшо соли 1988 бо гурӯҳи Далер Назар оғоз шуд. Аз ҳамон замон сурудҳояш маъруф гардиданд. Ӯро чун Далер Назар яке аз бунёдгузорони мусиқии навини тоҷик медонанд.

Муборакшо 8-уми феврали соли 2001 дар авҷи ҷавониву номдорӣ аз дунё даргузашт. Соли 2021, дар боғи фарҳангии деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба муносибати 60-солагии ҳунарпеша муҷассамаи ӯ гузошта шуд.

Соли 1990 – Ҳоҷиумар Қосимов, навозанда, раққос ва устоди ҳунари тоҷик дар синни 88 даргузашт.

Соли 2014 – Симин Беҳбаҳонӣ, нависанда ва шоири маъруфи Эрон дар 87-солагӣ аз олам даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Симин Беҳбаҳонӣ

Симин Беҳбаҳонӣ аз шинохтатарин шоирони муосири Эрон буд, ки дар Тоҷикистон ва тамоми қаламрави забони форсӣ бо ашъори дилнишинаш азизи ошиқони шеъру шоир гардида буд. Шеъри ӯ то ҳол дар ҳар маҳфили адабӣ садо медиҳад.

Ӯ 20-уми июли соли 1927 дар Теҳрон таваллуд шуда буд ва бо номи Симин Халилӣ низ маъруф аст.

Симин Беҳбаҳонӣ аз синни 12-солагӣ ба шеърнависӣ пардохта, аввалин шеъри худро дар 14-солагӣ нашр кардааст. Баъдан ашъори ӯ, аз ҷумла ғазалҳояш, дар рушди шеъру адабиёти форсӣ нақши муҳим гузошт.

Маҷмуъаҳои ӯ “Сетори шикаста” (1951), “Ҷои По” (1954), “Чиҳил чароғ” (1955), “Мармар” (1961), “Растоxез” (1971), “Хатте зи суръату оташ” (1980), “Дашти Аржан” (1983), “Коғазин ҷома” (1992), “Як даричаи озодӣ” (1995), “Маҷмуъаи ашъор” (2003) беҳтарин ашъори ӯро гирди ҳам овардаанд.

Симин Беҳбаҳонӣ дар баробари шоири навпардоз ва боистеъдоду боҳунар будан, ҳамчунин зани фаъолу мубориз низ буд ва аз дигаргуниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, озодии сухан ва ҳуқуқи занон ҳарф мезаду аз манфиатҳои онон ҳимоят менамуд.

Соли 1999 ва 2002 ба ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт пешбарӣ шуда буд, аммо онро ба ӯ тақдим накарданд.

Симин Беҳбаҳонӣ 6-уми августи соли 2014 дар Теҳрон ба бемористон бистарӣ шуд ва ҳамон рӯз ба кома рафт ва дар 19 августи ҳамон сол даргузашт. Ӯ дар оромгоҳи Беҳишти Заҳро ба хок супурда шуд.

Соли 2020 – Даврон Юсуфов, раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониён “Пайванд-Единство” дар шаҳри Самараи Русия аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 19-уми август ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии аксбардорӣ таҷлил мешавад. Ин ҷашн соли 2009 бо ташаббуси аксбардори австралиягӣ Корске Ара таъсис ёфт. Ин рӯз ба соли 1839, замоне ки усули аксбардории “дагеротипия” (тарзи пештараи суратгирӣ дар пластикаи металӣ, ки бо йоди нуқра пӯшида шуда буд) ба ҷомеа муаррифӣ шуд, рабт дорад. Ихтироъкори ин усул Луи Жак Манде Дагер буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар асл, аввалин таҷрибаҳои аксбардорӣ ҳанӯз дар солҳои 1820 аз ҷониби ихтироъкори фаронсавӣ Жозеф Нйепс анҷом ёфта буданд. Аммо маҳз Дагер тавонист тасвирро ба таври устувор дар лавҳаи мисин бо рӯйпӯши нуқра сабт намояд.

19-уми август Рӯзи ҷаҳонии кӯмакҳои башардӯстона таҷлил мешавад.  Ин рӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз моҳи декабри соли 2008 ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи ин сана баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамият ва нақши кумакҳои башардӯстона дар саросари ҷаҳон мебошад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

19-уми августи соли 1960 киштии кайҳонии шӯравӣ “Спутник-5” бо ду саги озмоишӣ – Белка ва Стрелка ба мадори Замин бароварда шуд. Парвози онҳо беш аз 25 соат идома ёфт ва дар ин муддат киштӣ 17 даврро гирди Замин анҷом дод. Сагҳо солим ба Замин баргаштанд. Ин парвоз қадами муҳиме дар рушди барномаҳои кайҳонӣ ва фиристодани инсон ба кайҳон буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...