Мақомот сабаб ва хисороти сӯхтор дар кӯҳҳои минтақаи Раштро шарҳ доданд

Хадамоти оташнишонии ноҳияи Рашт мегӯяд, дар як рӯз дар кӯҳу пуштаҳои минтақаи Рашт ду ҳодисаи сӯхтор сар задааст, ки сабаби оташгирии якум, оташбозӣ буда, омили сӯхтори дуввум то ҳол маълум нест. Навори сӯхтор дар кӯҳҳои минтақаи Рашт дар рузҳои истироҳатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва боиси нигаронии корбарон ва аҳолии маҳаллӣ гардид. Аминҷон Қурбонзода, […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Хадамоти оташнишонии ноҳияи Рашт мегӯяд, дар як рӯз дар кӯҳу пуштаҳои минтақаи Рашт ду ҳодисаи сӯхтор сар задааст, ки сабаби оташгирии якум, оташбозӣ буда, омили сӯхтори дуввум то ҳол маълум нест.

Навори сӯхтор дар кӯҳҳои минтақаи Рашт дар рузҳои истироҳатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва боиси нигаронии корбарон ва аҳолии маҳаллӣ гардид.

Аминҷон Қурбонзода, як масъули Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияи Рашт дар сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарду ҳодиса рӯзи 15-уми август дар минтақаи Сари Пули шаҳракаи Ғарм ва дараи Камароби ноҳияи Рашт сар задаааст

Манбаъ афзуд, сӯхтор дар пуштаҳои минтақаи Сари Пули шаҳракаи Ғарм ҳудуди 10-12 гектарро фаро гирифта, сабаби он оташбозӣ мебошад. Он худи ҳамон рӯз, давоми 4 соат хомӯш карда шудааст.

“Сабаби оташ гирифтани дараи Камароб маълум нест ва оташ ҳудуди васеъро ҳам фаро нагирифтааст. Он танҳо ҳудуди 10-15 сотихро фаро гирифтаасту халос”- гуфт ӯ.

Манбаъ тасдиқ кард, ки айни ҳол сӯхтор пурра хомӯш карда шуда, ягон хатар вуҷуд надорад.

Пештар аз ин, 14-уми август дар кӯҳу теппаҳои назди сарҳадии вилояти Суғд низ сӯхтор сар зада буд, ки ба гуфтаи мақомот сӯхтор аз Ӯзбекистон гузаштааст.  

Сӯхтор гирифтани кӯҳу теппаҳои кишвар ду моҳи охир аҳолиро нигарон кардааст. Мақомот низ тасдиқ менамояд, ки имсол дар кишвар сӯхтор зиёд шудааст, ки сабаби он гармии зиёд ва бемасъулиятии бархе аз сокинон гуфта мешавад.  

Оҷонсии хоҷагии ҷангал дар нишасти матбуотии худ гуфт, имсол дар ҷангалҳои 9 шаҳру навоҳии кишвар сӯхтор сар зада, беш аз 434 гектарро фаро гирифтааст.

Қаблан, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз мавсими хавфи сӯхтор дар минтақаҳои кӯҳӣ хабар дода, гуфта буд, ки хавфи сӯхтор аз 15-уми апрел то 15-уми ноябр давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.