Боз оташгирӣ дар ҷангалҳои Гулистон. КҲФ мегӯяд, сӯхтор аз Ӯзбекистон гузаштааст

Дар кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистони вилояти Суғд сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса сокинони маҳаллиро нигарон кардааст, ки сӯхтор метавонад ба манзилҳои онҳо наздик шавад. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) гуфтанд, сӯхтор ин минтақаҳои кӯҳиро тасдиқ карданд ва гуфтанд, сӯхтор аз таллу теппаҳои минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон гузаштааст. “Сӯхтор 14-уми август соати 12:00 дар кӯҳу теппаҳои […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистони вилояти Суғд сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса сокинони маҳаллиро нигарон кардааст, ки сӯхтор метавонад ба манзилҳои онҳо наздик шавад.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) гуфтанд, сӯхтор ин минтақаҳои кӯҳиро тасдиқ карданд ва гуфтанд, сӯхтор аз таллу теппаҳои минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон гузаштааст.

“Сӯхтор 14-уми август соати 12:00 дар кӯҳу теппаҳои деҳаи Терекли ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканди Ӯзбекистон сар задааст. Бинобар назди сарҳади будани деҳаи мазкур, соати 16:00 сӯхтор ба кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисори вилояти Суғд гузаштааст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Аз КҲФ гуфтанд, ба ҷои ҳодиса кормандони КҲФ дар вилояти Суғд ва аҳолӣ сафарбар шуда, якҷоя бо Хадамоти оташнишонӣ сӯхторро хомӯш кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Махсудзода, директори хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дар як суҳбати телефонӣ гузаштани оташ аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, “дар байни сарҳад сой ҳаст ва тамоми алафу дарахатони хушкидаи назди сарҳадӣ тоза карда шуданд, то ки оташ ба ин тараф нагузарад. Ҳоло оташ дар он тарафи сарҳад хомӯш карда шудааст ва ягон хавф вуҷуд надорад”.

Навори сӯхтор, ки гуфта мешавад, дар кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисор аст, шоми дирӯз, 14-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва нигаронии корбаронро ба миён овард.

Қаблан, низ корбарони “Азия-Плюс” аз сар задани сӯхторҳо нигаронӣ ва аз минтақаҳое, ки сӯхтор ба амал омадааст, аксу навор ирсол карда буданд.

Дар пайи ин, Оҷонсии хоҷагии ҷангал дар нишасти матбуотии худ гуфт, имсол дар ҷангалҳои 9 шаҳру навоҳии кишвар сӯхтор сар зада, беш аз 434 гектарро фаро гирифтааст. Ба таъкиди онҳо, сабаби сӯхтор “баландшавии ҳарорати ҳаво ва бемасъулиятии бархе аз истироҳаткунандагон” мебошад.

Қаблан, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз мавсими хавфи сӯхтор дар минтақаҳои кӯҳӣ хабар дода, гуфта буд, ки хавфи сӯхтор аз 15-уми апрел то 15-уми ноябр давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио