Истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон 12% зиёд шудааст

Date:

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 12% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми умумии истеҳсол дар обанборҳои вилояти Хатлон сурат гирифтаст, ки аксарияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҳамин минтақа амал мекунанд.

Давоми моҳҳои январ-июли соли 2025 маблағи умумии моҳии сайдшуда ба 61,2 млн сомонӣ расидааст, ки 19,6% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта аст.

Ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 2 ҳазору 021,4 тоннаро ташкил дода, аз нисф зиёди он ба вилояти Хатлон (ҳудуди 1,1 ҳазор тонна) рост омадааст. Дар вилояти Суғд 481 тонна ва Ваҳдат (НТМ) – ҳудуди 426 тонна моҳӣ сайд шудааст.

Байни навъҳои моҳӣ аз ҳама бештар намуди пешониғафси сафед (толстолобик) 690 тонна, гулмоҳӣ – 41 тонна, амури сафед – 236 тонна ва зағорамоҳӣ (сазан) сайд шудааст. Ҳаҷми сайди дигар навъҳои моҳӣ 447 тоннаро ташкил додааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсолро ба зиёд шудани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав дар ин соҳа марбут медонанд. Имрӯз дар кишвар зиёда аз 300 хоҷагиҳои моҳипарварӣ амал мекунанд.

Сарфи назар аз нишондиҳандаҳои мусбат, соҳа ба як қатор мушкилот дучор аст. Маҳсулнокии ҳавзҳои моҳипарварӣ давоми се даҳсола қариб ду баробар кам шуд: аз 30-35 сентнер аз 1 гектар дар соли 1990 то 15-16 сентнер айни замон. Сабабҳои асосӣ – норасии комбикорм, фарсудашавии низомҳои обтаъминкунӣ ва техника, инчунин таназзули қисмате аз обанборҳо унвон мешаванд. Коршиносон зикр мекунанд, ки баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳбуди иншооти зерсохтор имкон медиҳад, ки маҳсулнокӣ 20-30% зиёд карда шуда, хароҷоти иловагӣ кам шавад.

Дар Тоҷикистон афзоиши устувори истеҳсоли моҳӣ пешгӯӣ мешавад: соли 2026 – 6,6 ҳазор тонна (8% зиёдтар нисбат ба як сол пеш, яъне соли 2025); соли 2027 – 7,2 ҳазор тонна (9%) ва соли 2028 – 7,8 ҳазор тонна (9,2%).

Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ аз 1300 кӯлҳои табиӣ, 8 обанбор ва ҳавзҳои 385 хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 76 ҳазор гектар истифода мешавад, ки 73,3 ҳазор гектари онро обанбор ва 2,6 ҳазор гектарашро ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...