“Моҳи хунин”. Сокинони Тоҷикистон метавонанд гирифти Моҳро мушоҳида кунанд

Шаби 7-ум ба 8-уми сентябри соли 2025 ҳодисаи табии гирифти Моҳ ё Моҳи хунин (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Сокинони кишвар метавонанд дар Расадхонаи ситорашиносии Ҳисор гирифти Моҳро мушоҳида кунанд ва ба саволҳояшон дар ин маврид посух гиранд. Аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гирифти пурраи Моҳ аз соати 20:28 то 01:55 […]

Asia-Plus

Шаби 7-ум ба 8-уми сентябри соли 2025 ҳодисаи табии гирифти Моҳ ё Моҳи хунин (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Сокинони кишвар метавонанд дар Расадхонаи ситорашиносии Ҳисор гирифти Моҳро мушоҳида кунанд ва ба саволҳояшон дар ин маврид посух гиранд.

Аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гирифти пурраи Моҳ аз соати 20:28 то 01:55 рух медиҳад.

“Институти астрофизикаи АМИТ вобаста ба ин ҳодиса барномаи  “Рӯзи дарҳои боз”-ро эълон кардааст. Барнома 7-уми сентябр соати 20:00 оғоз мешавад. Сокинони Тоҷикистон метавонанд ин ҳодисаро аз телескопи Расадхонаи Ҳисор ба таври ройгон мушоҳида кунанд”,-гуфтанд аз Институти астрофизика.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи барнома меҳмонон ҳамчунин имконият доранд доир ба сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳал маълумоти бештар гиранд.

Барои сабти ном ва маълумоти бештар бо ин рақамҳо – 50-180-0330, 98-756-2122 ва 1111-8-2122 дар тамос шавед. 

Бояд гуфт, гирифти Моҳ дар як сол аз 2 то 4 маротиба рух медиҳад ва як раванди табиӣ буда, ба саломатии инсонҳо ҳеҷ таъсире намерасонад.

Бори охир 14-уми марти имсол ҳодисаи табии гирифти Моҳ рух дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.