Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони аз заминларза зарардидаи Рашту Тоҷикобод калиди хонаҳои навашонро супорид

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 26-уми август, барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи иншооти гуногун, аз ҷумла супоридани хонаҳои сокинони аз заминларза осебдида ба минтақаи Рашт сафар кард.

Ба навиштаи дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи навбунёди ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ба сокинони аз заминларза зарардида калиди хонаҳои навашонро супорид.

“Барои оилаҳои зарардида қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, 14 манзили истиқоматии чорҳуҷрадор барои оилаҳои манзилашон пурра вайроншуда ва 22 хонаи дуҳуҷрадор барои оилаҳои қисман зарардида, дар маҷмуъ 36 хонаи истиқоматӣ сохта шудааст”,-омадааст дар хабари расмӣ.  

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар муҳлати 4 моҳ дар ҷамоати Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ дар умум барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Бояд гуфт, ки дар пайи заминҷунбӣ дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикобод 471 иншоот зарар дида буданд. Аз ҷумла, 33 хона пурра, 164 хона қисман, 3 мактаб, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон осеб дида буданд. Ҳаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, минбаъд хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоиро бо риояи қоидаҳои меъмориву сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти босифат бунёд кунанд то ба офатҳои табиӣ тобовар бошанд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин, 5 иншооти нав, аз ҷумла, мактаби рақами 44 дар деҳаи Сафедмун ва як бунгоҳи тиббӣ тариқи маҷозӣ ба истифода дода шуд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кории худ ба минтақаи Рашт, дар маҳаллаи Навбунёди ҷамоати Ҳиҷборак ба сокинони аз заминларза зарардида калиди хонаҳои навро тақдим кард.

Тибқи  иттилои расмӣ, маҳаллаи нав дар масоҳати 4,5 гектар замин бунёд гардида, дар он 38 манзили истиқоматӣ сохта шудааст. Ин хонаҳо дар масоҳати 8 садяк бунёд шуда, дорои чор ҳуҷра, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон будаанд.

Дар ин маҳалла, инчунин, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони “Зарангак” барои 50 тарбиятгиранда, ифтитоҳ гардидааст

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заминларза дар деҳоти Аскалон ва Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт 34 хонаи истиқоматӣ пурра, 116 хона ва 59 бинову иншооти ёрирасон қисман зарар диданд.

Маълум нест, ки хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳое, ки қисман зарар дидаанд, таъмир ва азнавсозӣ шудаанд, ё не.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дидаанд. Инчунин 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфт.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) зарари заминларза дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шудааст. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5 ҳазору 639 нафар зарар диданд.

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон  ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо бояд то 1-уми ноябри имсол пурра сохта ба истифода дода мешуд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ифтитоҳи роҳи байналмилалии Роғун-Обигарм-Нуробод ва се нақб дар Нуробод

Раисҷумҳури кишвар дар ноҳияи Нуробод роҳи байналмилалии Роғун-Обигарм-Нуробод ва се нақби онро ба истифода дода, барои сохтмони пули мошингузар санги асос гузошт.

Тибқи иттилои расмӣ пули мошингузар бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр дар давоми чор сол сохта мешавад.

Бо иштироки раисҷумҳури кишвар дар ин ноҳия роҳи байналмилалии Роғун-Обигарм-Нуробод ба истифода дода шуд. Дарозии роҳ 75 км ва паҳноии он 12 метро ташкил медиҳад.

Таъкид шудааст, ки ин роҳ шаҳри Душанберо бо маркази ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст карда, гардиши савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш медиҳад.

“Ҳаракат дар масири қаблӣ ба самти ноҳияҳои водии Рашт ронандагону мусофиронро дар бештари ҳолат рӯ ба рӯи ҳаводиси нохуш менамуд. Фаслҳои баҳору зимистон дар ин ҷодаҳои кӯҳӣ ва фосилаи наздик ба нишебиҳои тулонӣ резиши сангу кӯҳпора, яхбандӣ, лағжиши замин ва дигар ҳолатҳои пурхатар шиддат меёфт”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ноҳияи Нуробод се нақби мошингузар – нақби “35 – солагии Истиқлолият” дар ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо дарозии 2605 метр, нақби “Ваҳдат” дар маҳаллаи Луғур бо дарозии 1700 метр, нақби “Ориёно” дар мавзеи дараи Ҳавз бо дарозии 1600 метр, ба истифода дод.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Гуфта мешавад, ки бо ба истифода додани  ин нақбҳо масофаи роҳ 24 киллометр кӯтоҳ мегардад. Инчунин дар ноҳия 14 пули мошингузар сохта бо дарозии наздик ба 1150 метр сохта ба истифода дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома роҳи аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро баъди таъмиру азнавсозӣ ифтитоҳ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур роҳ 11 км буда, пурра мумфарш карда шудааст. Раисҷумҳур аҳаммияти ин масирро ба рушди корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун муассир хондааст.

Инчунин дар шаҳри Роғун як хатти оби нушокӣ ба истифода дода шуд. Хатти оби нушокӣ аз деҳоти Фақирободи ноҳияи Файзобод тавассути қубур оварда шуда, 38 ҳазор сокини шаҳр ва 17 ҳазор корманди нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Дарозии қубурҳои обгузар 19 ҳазору 925 метр буда, тавассути он оби чашмаҳо ба шабакаи обтаъминкунии шаҳри Роғун интиқол меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...