Ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар Душанбе рӯзи 5 сентябр ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардида, дар ҷараёни он самтҳои калидии ҳамкории иқтисодӣ, рақамисозӣ ва рушди инноватсионии минтақа баррасӣ мешаванд. Тавре ки портали интернетии Иттиҳод хабар медиҳад, иштирокчиёни ҷаласа роҳҳои бартараф намудани монеъаҳои тиҷоратӣ, буҷети ягонаи мақомоти ИДМ барои соли 2026 ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзи 5 сентябр ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардида, дар ҷараёни он самтҳои калидии ҳамкории иқтисодӣ, рақамисозӣ ва рушди инноватсионии минтақа баррасӣ мешаванд.

Тавре ки портали интернетии Иттиҳод хабар медиҳад, иштирокчиёни ҷаласа роҳҳои бартараф намудани монеъаҳои тиҷоратӣ, буҷети ягонаи мақомоти ИДМ барои соли 2026 ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масоли ҳамкориҳои иқтисодӣ, рақамисозӣ, инноватсияҳо, бахши иҷтимоӣ ва амният дарҷ ёфтааст. Байни мавзӯъҳои калидӣ табодули афкор оида масоили муҳими ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодӣ, бартараф намудани монеъаҳо дар тиҷорат ва тавияҳо оид ба рафъи онҳо, баррасии буҷети ягонаи мақомоти ИДМ барои соли 2026, стратегияи рақамисозии долонҳои мултимодалии нақлиётӣ ва нақшаи амал оид ба рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисодӣ рақамӣ то соли 2035 зикр шудаанд.

Дар ҷаласаи Шӯро инчунин масоили ҳифзи зеҳни сунъӣ (ҳуши маснӯӣ) дар давраи солҳои 2021-2024, амалисозии марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи солҳои 2026-2030, лоиҳаҳои рушди илмиву технологӣ, барномаҳои ҳифзи солимӣ, инчунин масоили марбут ба собиқадорони ҷанг ва низоъҳои дохилӣ бо шумули ҷустуҷӯ ва муайян кардани боқимондаи ҷасадҳои хидматчиёни ҳарбии давраи ҷанг дар Афғонистон (солҳои 1979-1989) матраҳ хоҳад шуд.

Ба масоили бунёд ва рушди низоми муттаҳидаи дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ, фаъолияти Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона, марказҳои салоҳият ва таҷрибаи пешқадам дар доираи ҳамкории инноватсионӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва беҳбуди сифати ҳаёти собиқадорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар кори Шӯро муовинони нахуствазирони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок мекунанд.

Раёсатро дар Шӯрои иқтисодии ИДМ дар соли 2025 Тоҷикистон 29 ноябри соли 2024 аз Русия қабул кард, ки пойтахти кишварро ба маркази омодагӣ ва ҳамоҳангсозии ташаббусҳои минтақавии иқтисодӣ табдил дод.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони васоити ахбори умумро барои инъикоси ҷаласа оғоз намуд. Дархостҳо то соати 12:00-и 1 сентябри соли 2025 қабул мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.