Марат Орифов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Рӯдакиву Синои синамои тоҷик, агар умр медошт, имрӯз 90-солагии худро таҷлил мекард. Ӯ соли 2018 дар 83-солагӣ олами фониро тарк гуфт, вале аз худ мероси гаронбаҳои ҳунарӣ боқӣ гузошт. Мо ба муносибати мавлудаш розу резҳои зиндагӣ ва корномаи Марат Орифовро ҷустем.
Раҳоварди Муроди Тӯҳфа Фозилова
Марат Орифов дар 27-уми августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Ӯ фарзанди ягонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тӯҳфа Фозилова буд. Падараш низ аз зиёиёни давр дониста мешуд. Ба қавли соҳибҷашн, дар хонаи онҳо “ҳунармандони зиёд гирд меомаданд, шеърхонию сурудхонӣ мекарданд”, ки он ба Марат ҳам бетаъсир набуд.
Волидон ба ӯ Мурод ном ниҳода буданд, азбаски он замон дар идораи сабти аснод рустаборон кор мекарданд, исмашро дар шаҳодатномаи таваллуд на Мурод, балки Марат навиштанд, ки ин хато як умр дар дӯши ӯ монд.
Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1956, Марат муддате дар факултаҳои физика ва математика, инчунин филологияи тоҷики Институти педагогӣ (имрӯза Донишгоҳи омӯзгорӣ) таҳсил намуд, аммо то охир идома надод.
Муроди дилаш ба синамо кашол буд, аз ин рӯ, аз баҳри ихтисосҳои аввалия гузашт ва соли 1960 таҳсилро дар Донишкадаи театрию рассомии Тошканд давом дод. Баъдан соли 1964 факултаи коргардони филмҳои бадеии Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи шаҳри Маскавро (ВГИК) хатм кард.
Роҳи эҷодиаш бисёр барвақт оғоз ёфт ва дар ҷавони нақшҳои сангинро бар дӯш бардошт. Худи Марат Орифов мегӯяд, “намедонам, шояд истеъдоди модарзодӣ бошад, ё ки бахт мегӯянд, ё ин ки каме маҳорати ҳунармандии ман будагист, ки аз солҳои ҷавонӣ сар карда, бисёр нақшҳои асосиро дар филмҳо бозидам”.
Ду нақши таърихӣ – Сино ва Рӯдакӣ
Маҳз нақши ду шахсияти бузурги таърихӣ – Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – дар филмҳои “Абӯалӣ ибни Сино” (1956) ва “Қисмати шоир” (1959) Марат Орифовро ба қуллаи шӯҳрат расониданд. Ин ду нақш, ки дар фосилаи кӯтоҳи се сол иҷро шуд, истеъдоди беназири ӯро ба ҳайси ҳунарманди бузурги тоҷик ошкор кард.
Интихоби Марат барои нақши Сино тасодуфӣ буд. Марат Орифови 21-сола бо саррасcоми киностудияи “Ӯзбекфилм” Еремян Варшам Никитович дар маросиме шинос шуд ва ӯ пешниҳод кард, ки дар филми Комил Ёрматов нақши Синоро бозӣ кунад. Ин пешниҳод барои Орифов ғайриинтизор буд, зеро Ёрматов он замон коргардони номвар буду саодати ҳамкорӣ бо ӯ ба ҳар кас насиб намешуд.
Марат Орифов бо Комил Ёрматов мулоқот кард ва дар кастинг ширкат варзид. Дар ҷаласаи Шӯрои бадеӣ нақши ӯ мавриди баҳс қарор гирифт. Ниҳоят, сухани оҳангсози маъруф Мухтор Ашрафӣ ҳамаро қонеъ кунонд: “ӯ аз ҳама бештар ба Сино монанд аст ва ҳунараш ҳам бад нест”. Ҳамин як ҷумла тақдири ӯро ҳал кард, то Синои синамои тоҷик шавад.
Дар назди дурбин нақш офаридан ба Марати ҷавон душвор буд, ҳатто худаш мегӯяд, “ҳама чизе, ки дар майдони наворгирӣ рӯй медод, хилофи он чизе буд, ки ба ман дар донишкада таълим дода буданд”.
“Маро соати 5-и субҳ бедор мекарданд, ороишгар маҷбур мекард, ки бо ришгиракҳои кӯҳна ришамро гирам, ки дар натиҷа пӯсти рӯям канда мешуд. Баъд ӯ маро 2,5 соат ороиш мекард! Хобам мебурд, ӯ таҳдид мекард, ки ба чашмонам чӯбчаҳои гӯгирд мемонад. Ба рӯям ширеше мемолид, ки аз он рӯям сахт месӯхт. Ба ғайр аз ин, ӯ аз паси ман мегашт, то чизе нахӯрам. Ин маънои онро дошт, ки ман на наҳорӣ мекардам, на хӯроки нисфирӯзӣ ва қариб на шомӣ, зеро то замони ба итмом расидани наворгирӣ, дар ошхона дигар чизе намемонд”, – аз азобҳои нақшофарӣ нақл мекунад Орифов.
Бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо, Орифов аввалан ҷавониҳои Синоро офарид, пасон азбаски ҳунарвариаш ба коргардон писанд шуд, даврони пиронсолии ин олими номвари тоҷикро ҳам бозид.
Ин ҳунарварӣ сабаб шуд, ки Марат Орифов ҷавонтарин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шуд – ӯ ин унвонро дар 21-солагӣ ба даст овард.
Гиряи модар Маратро Рӯдакӣ кард
Баъди муваффақияти филми “Абӯалӣ ибни Сино”, коргардони номвар Барис Кимёгаров ба Марат Орифов филмномаи “Қисмати шоир”-ро супорид, то ба нақши Рӯдакӣ омода шавад.
“Баъди хондани филмнома, ба Борис Алексеевич гуфтам, ки мехоҳам нақши шоҳро иҷро кунам, на нақши Рӯдакиро. Сабабаш ин буд, ки метарсидам мардум барои бозидани нақшҳои монанд танқид кунанд, зеро ҳарду филми таърихӣ буданду либосҳову асбоби саҳна ба ҳамдигар шабоҳат доштанд”, – нақл мекунад ҳунарманд.
Ба гуфтаи ӯ, он вақт як гурӯҳи ҳунармандони ҷавони боистеъдод, ба мисли Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов ва Ҳабибулло Абдураззоқов аз Маскав ба Душанбе баргашта буданд ва яке аз онҳо метавонистанд Рӯдакӣ шаванд. Аммо сарвари вақти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев аксу наворҳои санҷиширо дида, ба Барис Кимёгаров пешниҳод мекунад, ки “беҳтар аст ин ҷавон нақши Рӯдакиро бозад”.
Ин сухан роҳро барои тасдиқи Марати ҷавон ҳамвор кард ва Шӯрои бадеӣ қарор дод, ки нақши Рӯдакӣ ба Орифов дода шавад. Ҳунарпешаи ҷавон, ки аз ин қарор бехабар буд, аз табрикоти ҳамкорон дар ҳайрат монд: “гумон доштам, ки маро барои нақши шоҳ табрик мекунанд, зеро барои нақши Рӯдакӣ наворгирии санҷишӣ надоштам”.
Худи Марат Орифов чунин нақл мекунад: “Вақте фаҳмидам, ки маро барои нақши Рӯдакӣ тасдиқ кардаанд, розӣ нашудам, ба хона омадам, ҷомадонро гирифтам ва мехостам ба Тошканд равам. Ногаҳон модарам дар назди дар истода, гуфт, “Маратҷон, шитоб накун…”. Мебинам, ки аз чашмонаш ашк мерезад”.
“Як бор ман дида будам, ки модарам чӣ гуна гиря мекунад. Дар синфи якум вақте бо калӯшҳо ба мактаб рафтам, аз рӯйи соддагӣ онҳоро дар назди даромадгоҳ кашида, бо пойи луч ба синфхона даромадам. Дарсҳо ба итмом расиданд, вақте берун баромадам, калӯшҳо гум шуда буданд. Соли 1943 буд, вақти ҷанг, калӯшҳо он вақт хеле гарон буданд – тақрибан 1000 рубл ва ин қадар пул дар оилаи мо набуд. Модарам сахт гиря мекард. Бори дуюм буд, ки гиряи сахти модарамро медидам. Бо овози паст гуфтам, ки “модар, ман нақшро иҷро мекунам, бигзор ҳама чиз ҳамон тавре бошад, ки ту мехоҳӣ”, – ёдовар мешавад Орифов.
Бо ҳамин, Марат ҳамчунин Рӯдакии синамои тоҷик шуд ва баъди солҳо гуфт, ки “аз суханонам пушаймон нашудам, зеро аз ҳамкорӣ бо Кимёгаров таҷрибаи беандоза гирифтам”.
Коргардонии Марат ғулғула афканд
Марат Орифов танҳо ҳунарпешаи боистеъдод набуд, балки коргардони моҳир ва филмноманавис низ буд. Ӯ дар ин самт низ бо кӯшишҳои зиёд ва азми қавӣ фаъолият карда, чанд филми ҷолиб офаридааст. Нақшаҳои ӯ бузург буданд ва ӯ кӯшиш мекард, ки аз доираи тасвирҳои маъмулӣ берун равад.
Филми “Нисо” аввалин кори коргардонии Марат Орифов аст. Ин филм дар бораи тақдири як духтари тоҷик қисса мекунад, ки бо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ рӯбарӯ мешавад. Орифов ба ҳар як қаҳрамони ин филм имкон дода, ки шахсияти худро ба пуррагӣ боз кунад, то ки тамошобин ба онҳо бовар кунад.
Ба қавли Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, филми “Нисо” он солҳо “дар синамои шӯравӣ ғулғула афканда буд”.
Ғайр аз “Нисо”, Орифов инчунин филмҳои “Дили ман дар кӯҳистон” (1969), “Асрори қабила” (1970), “Муҳосира” (1969), “Бо табассум нигар” (1983) ва қариб 10 филми дигари воқеӣ-ҳуҷҷатӣ ба навор гирифт.
Марат Орифов дар кори худ аз сабкҳои гуногун истифода мебурд ва маҳз ин хуусияташ варо аз дигар коргардонҳо фарқ мекунонд. Барои ӯ муҳим буд, ки тамошобинро на танҳо ба саҳнаи филм, балки ба олами фикрии қаҳрамон ҷалб намояд.
“Маро ҳамеша ҷаҳони ботинии қаҳрамонҳо, на танҳо амалҳои онҳо, балки фикрҳо ва ҳиссиёташон ба худ ҷалб мекард. Ҳамчун коргардон мехостам ин дунёи амиқро ба тамошобинон нишон диҳам”, – мегуфт ӯ.
Бозгашт баъди 20 сол: филми “Муаллим” ва ҷоизаи он
Пас аз ду даҳсолаи дурӣ аз саҳнаи синамо, Марат Орифов дар филми “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов нақши марказиро бозид. Филм дар бораи як марди кӯҳансол нақл мекунад, ки ба деҳаи аҷдодии худ бармегардад.
Орифов мегуфт, “ба муддати тӯлонӣ дур будан аз кору саҳна ба кори ҳунарманд таъсир марасонад, ман ҳам аввал ростӣ, метарсидам, вале хотираамро ҷамъ карда тавонистам”.
Барои бозидани ин нақш Орифов аз Конибодом ба Душанбе омад. Бо вуҷуди синну сол ва давраи тӯлонии дурӣ аз саҳна, ӯ тавонист нақши марди хирадмандеро, ки аз ҳаёт таҷрибаи зиёд дорад, эътимодбахш бозӣ кунад.
Ин филм соли 2015 дар ҷашнвораи байналмилалии “Фаҷр”-и Эрон баҳои баланд гирифт. Марат Орифов барои ин нақш ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарпешаи нақши мардона”-ро соҳиб шуд, ки ин як эътирофи муҳими байналмилалӣ буд. Ин ҷоиза на танҳо барои шахси ӯ, балки барои тамоми синамои тоҷик дастоварди бузург маҳсуб мешуд.
Марат Орифов аз диди дигарон
Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон: “Маратро ҳанӯз аз даврони мактабхониаш мешинохтам. Тӯҳфа-апа мегуфтанд, ки Марат гапро дар рӯйи одам мезанад ва барои ҳамин зиёд шатта мехӯрад. Ман мегуфтам, ки Марат масали “бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро”-ро қабул надорад ва инсони якрӯ аст. Ҳамин тавр ҳам шуд. Марат бо вуҷуди ситора буданаш ва соҳиби ҷоизаҳову вазифаҳо шуданаш, дигар нашуд ва инсони якрӯ боқӣ монд”.
Исфандиёр Ғуломов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон: “Вақте Марат вориди нақш мешуду бозиро шурӯъ мекард, ҳамчун Марат дигар вуҷуд надошт ва саропо ғарқи ҳамон нақш мешуд. Марат Орифов даҳҳо нақши калидӣ бозидааст ва дар ҳар нақш шахсияти дигаргунаро офаридааст: дар нақши шахси ҷиддӣ – ҷиддӣ буду дар нақши Хоҷа Насриддин – сабуку шӯхтабиат. Яъне, аз уҳдаи ҳам нақши фоҷеа ва ҳам мазҳака ба ҳадди устодӣ мебаромад”.
Бақо Содиқ, коргардони шинохтаи тоҷик: “Ӯ агар нақши Самаки айёрро мебозид, беҳтарин Самаки айёр буд. Вай метавонист шоҳкориҳои дигаре низ созад, ки ин аз сенариянависон ва драматургон вобаста буд. Ба ҳар ҳол, кинои тоҷик ба шарафати ҳунармандоне чун Марат Орипов дастовардҳои зиёдеро ноил гашт ва нақшҳое офаридаи ӯ чун намунаи беҳтарин даврони кинои тоҷик мемонад”.
Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон: “Марат Орифовро ҳунарманди нозпарвари синамо буд, чун як тӯфону барқ вориди синамо шуданду якбора ҳамаро мафтун карданд. Ҳоло мардуми мо агар хоҳанд сурати Сино ва Рӯдакиро тасаввур кунанд, пеши рӯяшон қавораву сурати устод меояд”.
Дар орзуи нақши Хайём…
Марат Орифов ё худ Рӯдакиву Синои синамои тоҷик пас аз бемории тӯлонӣ 29-уми октябри соли 2018 дар 83-солагӣ олами фониро падруд гуфт. Яке аз орзуҳои бузурги ӯ, ки амалӣ нашуд, бозидани нақши Умари Хайём буд.
Марат Орифов ҳеҷ гоҳ аслу насаби тоҷикии худро фаромӯш накард ва ҳамеша бо он ифтихор дошт. Миллати тоҷик ҳам бо нақшҳои Рӯдакӣ ва Синои ӯ ифтихор мекунанд.
Ёдаш ба хайр!


