Муҳоҷирон уҳдадоранд, ки барои кор дар Маскав худро дар як барномаи дигари мобилӣ сабти ном кунанд

Шуруъ аз 1-уми сентябри соли равон муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору зиндагӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав уҳдадоранд, ки худро дар барномаи махсуси мобилии "Амина" сабти ном кунанд. Дар ин бора Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират дар Сахароваи Маскав хабар медиҳад.   Манбаъ гуфтааст, ки дар моҳи сентябр дар ин минтақаҳот реҷаи озмоишии баҳисобгирии макони будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ […]

Asia-Plus

Шуруъ аз 1-уми сентябри соли равон муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору зиндагӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав уҳдадоранд, ки худро дар барномаи махсуси мобилии "Амина" сабти ном кунанд. Дар ин бора Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират дар Сахароваи Маскав хабар медиҳад.  

Манбаъ гуфтааст, ки дар моҳи сентябр дар ин минтақаҳот реҷаи озмоишии баҳисобгирии макони будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мешавад, ки тартиби баҳисобгирии муҳоҷиратро иваз мекунад.

Ба ғайр аз шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин зодагони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина низ уҳдадоранд, ки дар ин барномаи мобилӣ худро сабти ном кунанд. 

“Замима сабти муҳоҷирони хориҷиро осонтар ва риояи қонунгузории муҳоҷиратро барои шаҳрвандони хориҷии поквиҷдон боз ҳам қулайтар мегардонад. "Амина" ҷиҳати бақайдгирӣ ба суроғаи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират ва тариқи интерфейс фосилавӣ хабар додан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи ҷойи зист ки шаҳрвандони хориҷӣ ддар онҷо зиндагӣ мекунанд ва тағйири он имкон медиҳад”, – гуфта мешавад дар хабар.

Шаҳрвандони хориҷӣ замимаи “Амина”-ро метавонанд мустақилона бидуни рафтан ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират ё мақомоти минтақавии мақомоти корҳои дохилии ин кишвар насб кунанд.

Барои сабти ном дар замимаи мобилӣ корти амалкунандаи шаҳрванди хориҷӣ лозим аст, ки дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират ба расмият дароварда шудааст. Дар сурати гум кардани он, сабти номро метавон аз рӯйи маълумоти шиноснома анҷом дод.

“Дар идома, замимаи мобилӣ дар бораи мавзеи будубоши ҷуғрофӣ (геолокатсия) ба ВКД маълумот медиҳад. Агар дар муддати чанд рӯз ин маълумот дода нашавад, дар бораи зарурати тасдиқи суроғаи макони будубош ва хабар додан ба ВКД дар бораи иваз шудани он ба шаҳрванди хориҷӣ огоҳинома (паёмак) меояд”, – шарҳ медиҳанд дар Марказ.

Дар ҳолати мавҷуд набудани маълумот дар бораи макони будубоши муҳоҷирон дастгоҳи мобилӣ дар муддати се рӯзи корӣ аз замони пайгирӣ (мониторинг)-и охир, шаҳрванди хориҷӣ аз қайд бо суроғаи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират хориҷ карда мешавад.

Риоя накардани шартҳои мониторинг аз 1 -уми сентябр, метавонад барои ворид намудани маълумот дар бораи шаҳрванди хориҷӣ ба Рӯйхати шахсони таҳти назорат ё "рӯйхати сиёҳ" асос шавад.

Дар сурати гузоштан ба қайди муҳоҷират дар минтақаи берун аз ҳудуди вилояти Маскав ё хориҷ шудан аз кишвар, шаҳрванди хориҷӣ аз қайд дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират хориҷ гардида, тариқи замимаи мобилии “Амина” ба ӯ огоҳиномаи дахлдор мерасад. Минбаъд ба ғайр аз корбурди мониторинг, дар замима имконоти иловагӣ барои корбарон ба мисли пардохти маблағи патент, қайди пешакӣ барои рафтан ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират ва ғайра пайдо хоҳад шуд.

Аз 1-уми сентябри соли 2025 насби замима танҳо барои муҳоҷирони корие, ки тариқи тартиби бидуни раводид ба шаҳр ва вилояти Маскав меоянд, ҳатмӣ аст.

Як сол пас,  аз 1-уми сентябри соли 2026 ин талабот барои ҳамаи муҳҷоирон, ки ба муҳлати беш аз 90 рӯз ба  Русия меоянд, мавриди амал қарор мегирад.

Муҳоҷирони ноболиғ (то 18-сола), шаҳрвандони Беларус, дипломатҳо, кормандони созмонҳои байнулмилалӣ ва аъзои оилаи онҳо истисно мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки аз 30-юми июн дар Русия тартиби нави вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ амал мекунад, ки мувофиқи он пеш аз сафар насби боз як замима – RuID зарур аст. Тавассути он дар бораи мақсади сафар ва муҳлати будубош бояд огоҳиномаи электронӣ пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунин, то 10 сентябр муҳоҷирони меҳнатие, ки қонуншиканӣ кардаанду дар Русия қарор доранд, бояд мақоми ҳуқуқии худро танзим созанд ё кишварро тарк кунанд. Дар сурати ин амалро анҷом надодан, онҳо бо манъи вуруд ба Русия хориҷ карда мешаванд.

Дар ин маводи “Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо” дар бораи чӣ гуна қонунӣ кардани будубош, дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ва дигар масоили муҳими марбута, маълумоти муфассал дарёфт кунед.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.