“Бе сармоя ҳам тиҷоратро оғоз кардан мумкин аст”. Қиссаи Муҳаммад Холов, соҳибкори ҷавони тоҷик

Муҳаммад Холов яке аз соҳибкорони ҷавони тоҷик аст, ки тавонистааст, дар муддати кутоҳ дар бахши тиҷорат ба комёбиҳои зиёд даст ёбад ва дар асоси таҷрибаву дониши худ ба соҳибкорони дигар омӯзиш мегузаронад. Ӯ бар ин бовар аст, ки бидуни доштани сармоя ҳам тиҷоратро оғоз кардан мумкин аст, вале бояд асосҳои бозоршиносӣ (маркетинг) ва технологияҳои рақамиро донист. […]

Таблиғ

Муҳаммад Холов яке аз соҳибкорони ҷавони тоҷик аст, ки тавонистааст, дар муддати кутоҳ дар бахши тиҷорат ба комёбиҳои зиёд даст ёбад ва дар асоси таҷрибаву дониши худ ба соҳибкорони дигар омӯзиш мегузаронад.

Ӯ бар ин бовар аст, ки бидуни доштани сармоя ҳам тиҷоратро оғоз кардан мумкин аст, вале бояд асосҳои бозоршиносӣ (маркетинг) ва технологияҳои рақамиро донист. Дар ин мавод пиромуни роҳи тайкардаи ин соҳибкори ҷавон ва фаъолияти имрӯзаи ӯ қисса мекунем.

Муҳаммад Холов хатмкардаи Академияи идоракунии Тоҷикистон бо ихтисоси дипломат буда, аз замони донишҷӯйӣ ба тиҷорат майл дошт. Ин буд, ки соли 2018 ба соҳибкорӣ рӯ овард. Вай аввал дар Тоҷикистон мағозаи армуғон боз кард ва дар ин баробар, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тиҷорати худро пеш бурда, фоида ба даст меовард.

 

“Бе донистани забон ва доштани сармоя дар Тошкент тиҷорат оғоз кардам”

Муҳаммад мегӯяд, ӯ фаъолияташро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ рушд дод ва барои тақвияти кораш дар баъзе самтҳо, аз ҷумла, низомсозии тиҷорат, таблиғи ҳадафманд ва таҳияи наворҳои тиҷорӣ аз мутахассисони портуғоливу рус омӯзиш гирифт.

Ӯ бар ин бовар аст, ки дар замони муосир танҳо бо донистани асосҳои бозоршиносӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, бидуни доштани маблағ ва обуначиёни зиёд мешавад тиҷорат кард.

Соҳибкори ҷавон барои исботи ин андешааш таҷрибаи амалӣ гузаронид ва хост нишон диҳад, ки дар дилхоҳ макон, бе донистани забон ва бе доштани маблағу обуначиён метавон тиҷорат оғоз кард.

Муҳаммад Холов бештар аз як моҳ пеш ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рафт ва сараввал бозорро омӯхт. Баъдан, бо як соҳибкоре, ки ба савдои кондитсионер машғул буд, ҳамкориро шурӯъ кард ва саҳифае наве барои тиҷорат боз карда, маҳсулотро тарғиб намуд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби маҳз Ӯзбекистонро интихоб карданаш дар он буд, ки ӯ забони ин кишварро намедонист ва мехост исбот кунад, ки надонистани забон низ садди роҳ буда наметавонад.

Ӯ, ки бе ягон обуначӣ корро аз сифр оғоз кард, тавонист, дар ду рӯз ба 2 ҳазор доллар маҳсулот фурӯшад, ки 1800 сомонии он фоидаи холис будааст.

Ба нақли Муҳаммад, ҳамаи ин равандро ӯ марҳила ба марҳила дар саҳифаҳои иҷтимоии худ ба обуначиёнаш нишон медод, то ҳақ будани иддаояшро исбот кунад.

“Дар шароити имрӯз соҳибкорон дигар набояд аз камбуди фурӯш нигарон бошанд. Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд, ки ҳар як соҳибкор метавонад онҳоро ба кор бурда, теъдоди муштариёни худро афзоиш диҳад”,- таъкид мекунад Муҳаммад Холов.

Ӯ мегӯяд, аксари соҳибкорон мол ва ё хидматрасонии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст таблиғ намекунанд, аз ин рӯ дар ёфтани муштарӣ мушкил доранд ва ё молашон хеле кам ба фурӯш меравад.

 

“Ба соҳибкорон омӯзиш мегузаронам”

Муҳаммад Холов имрӯз дар Тоҷикистон соҳиби фурӯшгоҳи соат ва қаҳвахона аст ва аллакай дигар соҳибкоронро пеш бурдани тиҷорати хеш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ меомӯзад.

“Таҷрибаҳои тӯли ин солҳо андӯхта ва донишҳои наверо, ки то имрӯз меомӯзам, ба соҳибкорон дарс медиҳам”, – мегӯяд ӯ.

Ба қавли ӯ, ин усул барои фоидаи бештар ба даст овардани соҳибкорон ва ба фурӯш рафтани молашон ҳатман кумак мекунад ва аз ҳисоби андози соҳибкорон буҷаи кишвар низ ғанӣ мегардад.

Курси омӯзишии Муҳаммад Холов як моҳ давом мекунад ва ба соҳибкорон давоми ин муҳлат малакаҳои зеринро омӯзиш медиҳад:

– Тарҳрезии дурусти саҳифаҳои иҷтимоӣ барои тиҷорат;

– Бо нақшаҳои тасвирӣ ва баргаҳо ҷолиб намудани саҳифа;

– Омода намудани сенария барои таҳияи навор;

– Бартараф кардани тарси суханронӣ дар назди дурбин;

– Танзими ҷолиб ва касбии наворҳо;

– Мукотибаи дуруст бо харидорон, посух ба суолҳои ғайриинтизор ва роҳнамоӣ барои харидани маҳсулот;

– Пахши ҳадафноки навор ва таблиғи маҳсулот.

Муҳаммад Холов бовар дорад, ки бо рушди технологияҳои иттилоотӣ майдон барои тиҷорат ва фурӯши маҳсулот фарохтар мешавад. Танҳо соҳибкоронро лозим аст, ки аз абзорҳои рақамӣ ва имконоти мавҷуда дуруст истифода кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио