ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 30 АВГУСТ
– Имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон “Дарси сулҳ” баргузор мегардад ва роҳбари давлат бо кормандони соҳаи маориф мулоқот мекунад. Дар ин рӯз хонандагони синфҳои 8 то 11 ва донишҷӯёни макотиби олӣ ба мактабу донишгоҳҳо ҳозир шуда, суханронии роҳбари давлатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ мустақим тамошо мекунанд.
– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ дирз ифтитоҳ гардид ва то 24-уми сентябр давом мекунад. Меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.
Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ, рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 АВГУСТ
Соли 1996 – Дар шаҳри Исфара дар корхонаи истеҳсоли сурма ба истифода дода шуд.
Соли 2007 – Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Парагвай барқарор гардиданд.
Соли 2009 – Нақби “Озодӣ” (“Шар-шар”) ба истифода дода шуда, навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара оғоз гардид.
Соли 2011 – Дар шаҳри Душанбе парчами давлатии Тоҷикистон дар баландтарин поя барафрохта шуд. Баландии пояи парчам 165 метр буд, ки он вақт ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид.
Соли 2016 – Дар Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба истифода дода шуд.
Соли 2016 – Дар шаҳри Душанбе нахустин боғчаи байналмилалии “Малика” ифтитоҳ ёфт.
Соли 2019 – Дар Душанбе “Кули Душанбе”, ки бузургтарин аквапарк дар Осиёи Марказӣ аст, ба истифода дода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1956 – Зодрӯзи Ҷамшед Исмоилов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Ҷамшед Исмоилов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва сарояндаи соҳибсабки тоҷик аст, ки дар даврони шӯравӣ бо таронаи “Аз зери чодарат” дар байни мардум шӯҳрат ёфт.
Дигар таронаи маҳбуби ӯ бо номи “Модари ман” ҳам ба бисёриҳо ошност. Яке аз сурудҳои охирини ӯ, ки дар байни мардум шӯҳрат пайдо кард, “Ҷони бобо” аст. Ҷамшед Исмоилов муаллифи зиёда аз 60 суруд аст. Ӯ солҳо сарояндаи яккахони ансамбли мақомхонони Кумитаи радио ва телевизион буд.
Номбурда дар баробари корҳои эҷодӣ дар бахши фарҳангиву адабии кишвар мансабҳои масъулиятнок ҳам дошт.
Шаш соли даврони баъдиҷангӣ муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Баъди ин, 17 сол, то соли 2020 раҳбарии Иттиҳодияи эҷодию консертии Вазорати фарҳанги кишварро дар ӯҳда дошт.
Ӯ аз аввалин ташаббускорони гузаронидани ҷашнвораҳои мусиқии “Дурдонаҳои Шашмақом” ва “Ахтарон” аст.
Вай то лаҳзаи охири умр ба эҷоди таронаву сурудҳои пурмазмун машғул буд ва дар ёди мардум ҳамчун овозхони маънисаро нақш баст.
Ин овозхони маъруфи тоҷик соли 2020 дар синни 64 даргузашт.
Соли 1951 – Зодрӯзи Саодат Азизова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Ин ҳунарпешаи маъруф бисёр нақшҳои рангоранг офаридааст, аммо ба гуфтаи худи ӯ бештар нақшҳои манфиро бозидааст. Яке аз нақши манфӣ, ки ӯ бозид ва дар байни мардум бештар маъруф шуд, ин нақши янгаи Меҳрубон дар филми “Дар орзуи падар” буд.
Дар қатори ҳунарнамоӣ дар синамо ӯ бо нақшҳояш дар театр низ маъруф аст. Нақше, ки ӯ дар намоишномаи "Марги Яздигурд" бозид, дар фестивал-озмуни "Парасту" беҳтарин нақши занона дониста шуд. Азизова солҳои зиёд дар театрҳои маъруфи кишвар ҳунарнамоӣ кардааст.
Имрӯз бошад барои ҳунармандони ҷавон дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон дарс мегӯяд ва ҳунарофаринро меомӯзонад.
Соли 1964 – Мавлуди Нуралӣ Шерматов, мутриб, найнавоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Нуралӣ Шерматов дар ансамбли "Дарё" ба сифати мутриб фаъолият мекунад. Ӯ найро бо як маҳорати хос менавозад. Оҳанге, ки ба ӯ маъруфият овард “Бинол эй най” аст, ки аз дарди гурезаҳои тоҷики даврони ҷанги шаҳрвандӣ бозгӯй мекунад.
Ин мутриби хушнавоз бо найи худ дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон дили шунавадангонро тасхир кардааст.
Ӯ ба оҳангнависӣ ҳам даст задааст ва то ҷое дар ин ҷода низ муваффақ гашт. Оҳангҳои "Дарё", "Наврӯзи ман" ва "Тоҷикистон" ба эҷодиёти ӯ таалуқ доранд. Ҳамзамон даҳҳо ҳунарманди ҷавонро дар роҳи ҳунар тарбия менамояд.
Барои меҳнатҳои арзандааш соли 2022 ба ӯ унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд.
Соли 1986 – Зодрӯзи Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Шоҳрух Саидзода, ки аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, рутбаи генерал-майори милитсия дорад ва дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, аз 7 сол сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД буд.
Ӯ ҳамчунин, президенти дастаи футболи «Истиқлол» аст ва яке аз дустони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гуфта мешавад.
Вай хатмкардаи факултети №1-и Академияи ВКД Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда дар соли 2019 мебошад.
Номбурда фаъолиятро ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД карда, аз соли 2017 сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД таъин вато соли 2014 дар ин мансаб кор кард. Моҳи июни соли 2024 сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин гардид.
Ӯ бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти ВКД бо нишони сарисинагии "Корманди беҳтарини оперативӣ" қадрдонӣ гардидааст.
Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва яке шахсиятҳои замоне калидӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Соли 2007 – Ҳомиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон даргузашт.
Ҳомиддин Шарифов хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияташро чун муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон оғоз намуд ва баъдан сармуфаттиши ин мақомот таъин шуд. Баъдан раиси додгоҳи халқии ноҳияи Ёвон интихоб гардид ва қариб ду даҳсола дар вазифаҳои гуногуни ин мақомот кор кард.
Ҳомиддин Шарифов соли 1996 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 2006 – 10 сол дар ин мақом кор кард. Баъдан вакили парлумон интихоб гардид.
30 августи соли 2007 дар 60-солагӣ аз олам чашм баст.
Пиромуни корномаи ӯ дар матлаби "Порае аз китоби рӯзгори Ҳомиддин Шарипов" бихонед.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 30-юми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии қурбониёни бедаракшавии иҷборӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана соли 2010 бо қарори Маҷмааи Умумии СММ таъсис ёфтааст. Дар қатъномаи қабулшуда созмон аз афзоиши мавридҳои нопадидшавии иҷбории одамон дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуд. Ба чунин ҳолатҳо боздошту ҳабси ғайриқонуниву худсарона ва одамрабоӣ дохил мешаванд.
Созмони байналмилалии “Amnesty International” ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Ҳар сол дар ҳамин рӯз ин созмон ҳукуматҳои кишварҳои гуногунро ба амалҳои муассир даъват менамояд, то ки чунин амалиёти ғайриинсонӣ аз байн бурда шавад.
Ҳар сол шанбеи охири моҳи август ронандагони мошинҳои боркаш рӯзи касбии худро таҷлил мекунанд.
Логистика имрӯз яке аз бахшҳои муҳими иқтисод ба шумор меравад. Мағозаҳои онлайнӣ, савдои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ ба рушди он такон додаанд. Дар ин занҷири бузург, нақши ронандагони мошинҳои боркаш хеле муҳим аст: маҳз онҳо робитаро байни анбор ва харидор таъмин мекунад.
Ҳар сол 30-юми август ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии бурда расонидани амонатҳо таҷлил мегардад. Гарчанде ин сана расман пазируфта нашудааст ва бештар хусусияти маҳаллӣ дорад, вале ба хотири таъкид кардани аҳамияти кори хадамоти почта ва хидматрасониҳои интиқолӣ таҷлил мешавад.
Ҳар сол 30-юми август Рӯзи байналмилалии акулаи наҳангмонанд (International Whale Shark Day) таҷлил мешавад. Ин сана ба хотири он таъсис ёфтааст, ки мардумро бо нақши биологӣ ва аҳамияти ин ҳайвоноти обӣ шинос кунад ва ба масъалаи камшавии шумораи онҳо таваҷҷуҳ ҷалб намояд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 31+36º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 30+32º гарм.


