Озмуни “Шоҳномахонӣ”. Талабот барои ширкат ва ҳаҷми мукофотпулӣ барои ҷойҳои ифтихориву Шоҳҷоиза

Соли 2026 дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор мешавад. Барои ташкилу баргузории он аз фонди раисҷумҳури кишвар 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Амри президент дар бораи ташкилу баргузории озмун имрӯз, 29-уми август ба имзо расид. Тибқи амри раисҷумҳур, дар озмун хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон намояндагони касбу кори гуногун навобаста аз сину сол иштирок карда […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Соли 2026 дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор мешавад. Барои ташкилу баргузории он аз фонди раисҷумҳури кишвар 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Амри президент дар бораи ташкилу баргузории озмун имрӯз, 29-уми август ба имзо расид.

Тибқи амри раисҷумҳур, дар озмун хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон намояндагони касбу кори гуногун навобаста аз сину сол иштирок карда метавонанд.

 

"Шоҳномахонӣ" кай ва дар куҷо бо кадом забон баргузор мешавад?

Озмуни “Шоҳномахонӣ” дар чор давр доир шуда, даври аввали он моҳи марти соли 2026 ва даври ниҳоӣ нимаи якуми моҳи декабр баргузор мегардад.

– даври якум – моҳи марти соли 2026 дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;

– даври дуюм – моҳи апрели соли 2026 дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

– даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2026 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

– даври чорум ва ё ҷамъбастии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад. Озмун бо забони тоҷикӣ баргузор мешавад.

 

Ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд дар озмун иштирок кунанд, нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатномаи таваллуди худро бояд ба комиссияи озмун, ки дар назди раёсат ва шуъбаҳои маориф ташкил мешавад, пешниҳод кунанд. Котибони комиссияи қабул санадҳоро ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд.

“Котибони масъули комиссияҳои қабул суроға, рӯз ва ҷойи баргузории Озмунро ба иштирокдорон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд”, – гуфта мешавад дар низомнома.

 

Ғолибон чӣ гуна муайян мешаванд?

Ҳайати ҳакамони ғолибонро аз рӯйи миқдори байти азёдкарда, қироати дурусти шеър, шарҳи маънии он, баёни ҳодисаҳои асар ва дурустии силсилаи воқеаҳо, нақли бурро, донистани луғат муайян мекунанд.

Вазорати маориф ва илм, вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ, Иттифоқи нависандагон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила барои баргузор кардани озмун вазифадор шудаанд.

 

Кӣ метавонад “Шоҳҷоиза”-ро гирад

Дар низомномаи озмун таъкид шудааст, ки Шоҳҷоизаи озмунро нафаре соҳиб мешавад, ки беш аз 70 фоизи асари “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро мутолиа ва ҳифз кардааст ва хуб қироат мекунад.

 

Маблағи ҷои ифтихорӣ ва Шоҳҷоиза чанд аст?

 

Чанд нафар ғолиб мешаванд?

Даври 1, 2 ва 3-юми озмун аз ҳисоби буҷети ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ гузаронида мешавад.

Харҷи даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

Ба ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3-юм ва Шоҳҷоиза аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раисҷумҳури кишвар ҷоиза ва мукофотипулӣ дода мешавад. Барои ташкилу баргузории он аз фонди раисҷумҳури кишвар 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

 

Озмун дар чанд номина гузаронида мешавад?

Озмун аз рӯйи шаш гурӯҳ ва як номинатсия баргузор мешавад. Дар ҳамаи гурӯҳ, ба як кас ҷои якум, ба 2 кас ҷойи дуюм ва ба 3 кас ҷойи сеюм дода мешавад.

-миёни хонандагони синфҳои 1 то 4;

-миёни хонандагони синфҳои 5 то 8

– миёни хонандагони синфҳои 9 то 11 ва ибтидоии касбӣ синфҳои 9 то 11;

– миёни донишҷӯён (бакалавр, магистр).

 -миёни омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳо;

-миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

 

Кӣ дар озмун  ширкат карда наметавонад?

“Олимону муҳаққиқоне, ки вобаста ба “Шоҳнома” тадқиқот анҷом дода ё рисолаи илмӣ ҳимоя карда, узви вобаста ва пайвастаи АМИТ ҳастанд, ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоранд”, – гуфта мешавад дар фармон.

 

Чанд Шоҳҷоиза ҳаст?

Озмун аз се Шоҳҷоиза иборат аст ва ба се гурӯҳ дода мешавад:

– хонандагони синфҳои 1-4;

– хонандагони синфҳои 5-11:

– миёни донишҷӯён, омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

 

Ба ғолибони озмун чӣ имтиёз дода мешавад?

Ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3-юм ва барандаи Шоҳҷоиза бе супоридани имтиҳон ройгон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар қабул карда мешаванд. Вале шахсоне, ки дар даври ҷамъбастӣ ғолибият ба даст меоранд, то ду сол ҳуқуқи иштирок дар ин озмунро надоранд.

 

Бо омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиб мешаванд чӣ имтиёз дода мешавад?

Ба омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ба даст меоранд, нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” дода мешавад. Инчунин, ҳукуматҳои маҳаллӣ муаззаф гардидаанд ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд кунанд.

Ҳамчунин ба омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиб меоянд ва ё Шоҳҷоиза мегиранд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш пешниҳод карда буд, ки дар кишвар озмуни “Шоҳномахонӣ” ташкил ва баргузор карда шавад.

Эълони озмун дар пайи нашр ва тақдими ройгони китоби “Шоҳнома” ба аҳолии кишвар сурат мегирад. “Шоҳнома” бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха дар нашриёти “Шарқи озод” нашр шуда тақсими он дар минтақаҳо идома дорад.

Бояд гуфт, ки асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Ин асар бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.